Толиб Рифоӣ бо унвони профессори фахрии Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат қадрдонӣ шуд
Душанбе, 10.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бо назардошти ҳамкории пайваста дар самти омода намудани мутахассисони соҳаи туризм ва меҳмондорӣ барои Тоҷикистон имрӯз Толиб Рифоӣ, Дабири кулли Созмони умумиҷаҳонии туристии СММ бо унвони профессори фахрии Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат қадрдонӣ карда шуд.
Ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави кишвар Қодирзода Диловар Баҳридин зикр намуд, ки ин сафари дуввуми Толиб Рифоӣ ба донишкада мебошад.
«Тоҷикистони азиз қадамҳои нахустин, вале устуворро дар самти пешрафти туризм гузошта истодааст. Раёсати донишкада пайваста кӯшиш мекунад, ки ҷиҳати тарбияи мутахассисони болаёқату кордон аз усулҳои муосири таълим истифода намояд. Аз рӯзи сафари нахустини Шумо дар ҷодаи тайёр намудани риштаи туризм дигаргуниҳои зиёд ба амал омаданд, ки ифодагари сиёсати кадрии Ҳукумати Тоҷикистон аст. Умед дорем, ки ташрифи навбатии Шумо ба донишкада ба мо рӯҳу илҳоми тоза бахшида, мо дар самти тарбияи кадрҳои соҳаи туризм ва амалисозии сиёсати Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои бештару шоистаро анҷом хоҳем дод»,-илова намуд Д.Қодирзода.
Толиб Рифоӣ, Дабири кулли Созмони умумиҷаҳонии туристии СММ зикр намуд, ки акнун ӯ як узви ин донишгоҳ гашта, аз ин пас барои пешрафти ҳамкории судманду мутақобила кӯшиш ба харҷ хоҳад дод.
«Сафари дувумини ман ба Тоҷикистон маро дар ҳайрат гузошт, зеро дар ин чор сол Тоҷикистон боз зеботару ҷолибтар гаштааст»,- баён дошт Толиб Рифоӣ.
Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода дар мавриди табиати афсункори Тоҷикистон сухан намуда, гуфт, ки Тоҷикистон ниёз ба муаррифӣ ва ғамхории зиёд дорад. «Имрӯз дар беш аз 10 муассисаи таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсуси мамлакат донишҷӯён дар риштаи муҳими соҳаи иқтисодиёт, яъне саёҳат таҳсил доранд ва новобаста аз ин, сатҳи тахассуси кадрҳо беҳбудиро тақозо менамояд. Мо бояд баҳри ба даст овардани донишҳои замонавӣ кӯшиш намоем, зеро шароити таҳсил ва имконот рӯз аз рӯз беҳтар шуда истодааст»,- афзуд Аҳтам Абдуллозода.
Донишҷӯёни донишкада ба Толиб Рифоӣ дар мавриди рушди соҳаи туризм ва иқтидори соҳаи туризм дар Тоҷикистон суол доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
САВГАНДИ САДОҚАТ БА ХАЛҚУ ВАТАН! Дар шаҳри Бӯстон маросими савгандёдкунии наваскарон баргузор гардид
КИРМАКПАРВАРӢ. Имсол ба ҷамоатҳои шаҳри Истаравшан 200 қуттӣ кирмак тақсим карда шуд
Барои муштариёни Суғду Хатлон – тарофаҳои дорои интернети бештар
Дар ноҳияи Рӯдакӣ таҳти унвони «Оила-рамзи муҳаббат, вафо ва ҳамдигарфаҳмӣ» ҳамоиш доир гардид
Ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон нақшаи истеҳсоли пилларо пурра иҷро намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОИЛА. Барномаи давлатии рушди оила дар Тоҷикистон ба таҳкими пояҳои оиладорӣ нигаронида шудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Нуробод бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила ҳамоиши маърифатӣ доир гардид
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САРСАБЗ, ГУЛПӮШ ВА НАЗАРРАБО». Андешаҳои иштирокчии Конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ дар ин маврид
Дар Душанбе намоиши маҳсулоти корхонаҳои истеҳсолии муассисаҳои ислоҳӣ доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад






