Ҳукумати Сурия фиристодани кумаки башардӯстонаи СММ ба панҷ музофоти кишварро тасдиқ кард
Душанбе, 03.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ҳукумати Сурия барои расонидани кумаки башардӯстона ба панҷ музофоти кишвар иҷозат дод,- иттилоъ доданд аз намояндагии доимии Ҷумҳурии Сурия дар СММ.
Бино ба изҳороти намояндагӣ, ҳукумати Сурия Идораи ҳамоҳангсозии доимии СММ оид ба Сурия ва Идораи КБСС-ро барои иҷозати ирсоли корвонҳо хабардор кард,- иттилоъ дод РИА «Новости».
Дар ҳуҷҷат даҳҳо маҳалҳои аҳолинишин номбар карда шудаанд, ки дар онҳо агентиҳои башардӯстона иҷозати кор карданро доранд, аз ҷумла 19 шаҳри музофоти Димишқ (аз ҷумла — Муадамия, Мадайя, Қафр-Батна, Ҳарасти Шарқӣ, Замалка ва лагери гурезаҳо Ярмук).
Дар санад ҳамчунин шаҳри Фуа и Қефрайяи музофоти Идлиб, чор шаҳри музофоти Ҳумс, ҳафт шаҳри музофоти Ҳома ва ду шахри музофоти Ҳалаб зикр шудаанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






