USAID ва Маркази фарҳангию иттилоотии «Сахо Арт Медиа» маълумотнокии аҳолиро дар мавзӯи пешгирии бемории сил баланд мебардоранд
Душанбе, 23.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Барномаи USAID оид ба мубориза бар зидди бемории сил ва Маркази фарҳангию иттилоотии «Сахо Арт Медиа» имрӯз, 23 июн дар Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи М.Воҳидов намоишномаи худро дар мавзӯи «Пешгирии бемории сил ва паст намудани сатҳи доғгузорӣ нисбат ба ин беморӣ»-ро ба тамошобинон пешкаш менамоянд.
Намоишнома ба хотири баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум нисбат ба бемории сил омода гаштааст. Намоишномаи Душанбе охирин намоишномаи театри сайёр мебошад. Ин театри сайёр ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва ноҳияи Нуробод сафар намуд ва намоишномаро 11 маротиба ба бештар аз 2 ҳазор тамошобин пешкаш намудааст. Тавассути ин намоишнома тамошобинон оид ба нишонаҳои бемории сил, пешгирии ин беморӣ ва доғгузорӣ маълумот пайдо намуданд.
Мавриди зикр аст, ки театри сайёр бо дастгирии Барномаи USAID оид ба мубориза бар зидди бемории сил таҳия гаштааст. Мақсади Барномаи USAID оид ба мубориза бар зидди бемории сил бо буҷаи 13,2 миллион доллари амрикоӣ, ки барои панҷ сол ба нақша гирифта шудааст, коҳиши сатҳи паҳншавии бемории сил дар Тоҷикистон мебошад. Барнома ба тақвияти коркарди сиёсати миллӣ, беҳтар кардани дастрасии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ба ташхис ва табобат, дастгирии низоми кумаки тиббии ба бемор равонашуда, ҳамчунин тақвияти таҳлилгоҳу дигар бахшҳои соҳаи тандурустӣ дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва водии Рашт таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






