В. Путин Пан Ги Мунро бо ордени Дӯстӣ сарфароз гардонид
Душанбе, 09.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин фармонро дар бораи ба мукофотҳои давлатии Федератсияи Русия сарфароз гардонидани як зумра шаҳрвандони хориҷӣ ба имзо расонд. Аз ҷумла, Дабири кулли СММ Пан Ги Мун бо ордени Дӯстӣ сарфароз гардид.
«Барои хизматҳои шоён дар таҳкими сулҳ, дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ миёни халқҳо Пан Ги Мун — Дабири кулли СММ, шаҳрванди Ҷумҳурии Корея бо ордени Дӯстӣ сарфароз гардонида шавад», — омадааст дар матни фармони В. Путин.
Пан Ги Мун соли 2006 Дабири кулли СММ интихоб гардид. Ӯ ҳаштумин Дабири кулли Созмон ба ҳисоб меравад.
Тибқи фармони президенти Русия ҳамчунин «барои гузоштани саҳми арзанда дар таҳкими дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо Федератсияи Русия» ваколатдори Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба мубориза бар зидди терроризм ва амният Чэн Гопин бо ордени Дӯстӣ мукофотонида шуд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






