«Ваҳдати миллӣ мароми мост»-силсилавохӯриҳо дар Файзобод

Июнь 22, 2016 10:10

Файзобод, 22.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Файзобод бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ таҳти шиори «Ваҳдати миллӣ мароми мост»   бо мақсади дар зеҳни мардум ҷой додани ғоя, андеша ва фарҳанги миллӣ, бедор намудани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ, содиқ будан ба ҳифзи манфиатҳои давлату ҳукумат, мубориза ба муқобили хурофот, тундгароӣ, риоя кардани танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҳимояи пояҳои конститутсионии давлат вохӯриҳои созанда бо иштироки намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баргузор мегарданд.
Прокурори ноҳия Азиззода Сафо Саид иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ бахшида ба таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ зикр кард, ки: «Мусолиҳаи миллии мо дар таърихи навини миллати куҳанбунёдамон дастоварди бузург ва беназир аст. Аз ин рӯ, ҳар фарде, ки худро фарзанди Тоҷикистон медонад ва қадру манзалати Тоҷикистонро азиз мешуморад, бояд ба ин дастовард ҳамеша эҳтиром гузорад ва таҳкими Ваҳдати миллиро рисолати шаҳрвандиву қарзи фарзандӣ дониста, ба халалдор гардидани он ҳаргиз роҳ надиҳад».
Аз ин лиҳоз бояд ҳар як сокини кишвар ин суханҳои Пешвои миллатро оид ба гиромидошти Ватани азизу арзишҳои Ваҳдати миллӣ дастури ҳамешагии хеш қарор диҳад ва ба қадри ҳар қатра обу ҳар зарра хоки ин сарзамини биҳиштосо расида, истиқлолияти давлатиро ҳамчун неъмати бебаҳо арҷ гузошта, садоқат ба Ватан ва ватандӯстии хешро бо кору амали созанда ва ободгароёна қувват бахшад.

Июнь 22, 2016 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд