Ваҳдати миллӣ- рукне аз сарнавишти давлати соҳибистиқлол

Июнь 28, 2016 09:02

Душанбе, 28.06.2016 /АМИТ «Ховар»/.  Бахшида ба таҷлили 19-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар   осорхонаи вилояти Қурғонтеппа  ба номи «Авасто» бо иштироки донишҷӯёни факултаи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа ба номи  Носири Хусрав, омӯзгорону хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи иловагии вилоят ва наврасону ҷавонон зери унвони «Ваҳдати миллӣ- рукне аз сарнавишти давлати соҳибистиқлол» суҳбат доир гардид.
Тавре аз хадамоти матбуотии вилояти Хатлон иттилоъ доданд, дар чорабинии мазкур  директори осорхона Гулистон Пиракова бахшида ба таҷлили 19-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ зикр намуд, ки маҳз кӯшишҳои доимӣ ва пайгиронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар шаҳри Маскав бо иштироки намояндагони як қатор кишварҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ ба имзо расид, ки он роҳи сулҳи бебозгаштро дар кишвари мо таъмин намуд.
Инчунин дар ҷаласа зикр гардид, ки мақсад аз баргузории суҳбату вохӯриҳо-ин  бедор намудани ҳисси баланди миллӣ, худогоҳиву худшиносӣ ва бархурдор намудани ҷавонон аз таъриху тамаддуни пурғановати гузаштаи миллати худ мебошад.
Дар фароварди чорабинӣ хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи иловагии вилоят дар васфи Ватан-модар, Ваҳдат Тоҷикистон, Истиқлолият бо  эҳсосоти баланди ватандорӣ порчаҳои шеърӣ қироат намуданд.

Июнь 28, 2016 09:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст