Вазири корҳои дохилӣ бо фармондеҳи Пойгоҳи низомии 201-уми Федератсияи Русия мулоқот кард
Душанбе, 17.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо фармондеҳи Пойгоҳи низомии 201-уми Федератсияи Русия, мустақар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Денис Лямин вохӯрӣ доир намуд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии ҶТ хабар доданд, зимни вохӯрӣ масоили ҳамоҳангсозии фаъолият ва ҳамкории муштарак дар мубориза бар зидди терроризм мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Вазири корҳои дохилӣ зикр кард, ки вазифаи мақомоти корҳои дохилӣ на танҳо аз мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, балки дар ҳамоҳангсозӣ бо дигар мақомот аз муқовимат бо ҷиноятҳои фаромиллӣ ва хатару таҳдидҳои замони муосир иборат мебошад.
Фармондеҳи Пойгоҳи низомии 201-уми Федератсияи Русия полковник Денис Лямин дар навбати худ изҳор намуд, ки мо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати мудофиа ҳамкории дуҷониба ва судманд роҳандозӣ намудаем.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо барои боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкории мутақобилан судманд изҳори боварӣ намуданд.
Мавриди зикр аст, ки ҳайати шахсии Пойгоҳи низомии 201-уми Федератсияи Русия зимни бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ, ки 12-уми майи соли равон дар натиҷаи боришоти зиёд ба ҷамоати деҳоти Зайнабободу шаҳраки М.Турсунзодаи ноҳияи Рӯдакӣ хисороти зиёде расид, саҳми арзанда гузошта, ба воситаи мошинҳои обкашонӣ ва мотопомпаҳои обкаш обу лойи ҷамъшудаи дохили манзилҳои истиқоматӣ, таҳхона, ҳавлӣ, кӯчаю роҳравҳо, мактаб, идораи ҷамоат ва мағозаю нуқтаҳои савдоро кашида, дар якҷоягӣ бо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ба мардуми зарардида ёрии амалии худро расонида буданд.








Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад






