Вохӯрӣ бо ҳайати парлумонии Исроил дар ВКХ
Душанбе, 3.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Вохӯрии муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода бо ҳайати парлумонии Давлати Исроил бо роҳбарии вакили Кнессет Шарен Ҳаскел дирӯз дар Душанбе баргузор шуд. Дар вохӯрӣ ҳамчунин Сафири давлати Исроил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Кармела Шамир иштирок намуд.
Дар ҷараёни суҳбат ҳолат ва дурнамои густариши муносибатҳои Тоҷикистон ва Исроил дар соҳаҳои иқтисод, кишоварзӣ, энергетика, саноат, тандурустӣ, маориф, саёҳат, илм ва фарҳанг баррасӣ шуданд. Дар ин замина бар зарурати тавсеаи пояи шартномавию ҳуқуқии ҳамкории дуҷониба ва фаъол намудани робитаҳои байни доираҳои соҳибкории ду кишвар таъкид гардид.
Роҷеъ ба масъалаҳои дигари мавриди эҳтимоми тарафайн табодули назар сурат гирифт.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






