Ёвон: Дар Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ деҳаи Чашмасор беҳтарин дониста шуд

Июнь 1, 2016 10:29

Ёвон, 01.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бунёдкорию созандагию муҳайё намудани шароити хуб барои ҷавонон ва 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Чашмасори ҷамоати Ҳ. Ҳусейнови ноҳияи Ёвон бо дастгирии соҳибкори деҳа Лутфулло Қурбонов ва саҳми маҳал ба маблағи 75 ҳазор сомонӣ барои ҷавонон майдони варзишӣ ба истифода дода шуд. Ҳамчунин зиёда аз 500 метр канали обгузари ноҳияро, ки барои бо техника тоза кардан имкон набуд, аз тариқи ҳашари умумӣ тоза карданд.
Дар деҳаи Чашмасор ба хотири солимии сокинони деҳа 6 нуқтаи оби нӯшокиро навсозӣ намуданд, ки аҳолии онҳо ҳоло бо оби нӯшокӣ таъмин мебошанд ва аз тариқи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия 25 нафар занҳои хонанишини деҳаро ба хондани курси касбомӯзии дӯзандагӣ фаро гирифтанд.
Масъулини деҳа нақша доранд, ки дар арафаи ҷашни 25-солагии  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии соҳибкорон Тоҳирхон Файзуллоев ва Умарҷон Каримов бинои маҷлисгоҳи деҳа иборат аз 100 ҷойи нишаст ва коргоҳи дӯзандагии деҳаро ба истифода диҳанд.
Натиҷаи ин ободкорию созандагӣ буд, ки дар Озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳалла ва хонаю оилаи намунавӣ деҳаи Чашмасори ҷамоати Ҳ. Ҳусейновро дар сатҳи ноҳия аз деҳаҳои беҳтарин донистанд.

Июнь 1, 2016 10:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа