Заминагузорӣ барои татбиқи босамар ва босифати сиёсати давлатӣ дар самти туризми ватанӣ

Июнь 21, 2016 09:22

Душанбе,  21.06.2016 /АМИТ «Ховар»/.  Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Элизабет Миллард мулоқот намуд.
Тавре аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар мулоқот ҳамкории дуҷониба дар риштаҳои гуногун мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.
Аҳтам Абдуллозода иброз дошт, ки имрӯз соҳаи туризм яке аз соҳаҳои ҷавон дар кишвари мо ба ҳисоб рафта, ҳамкории мутақобилан судманди тамоми мақомоту идораҳо ба татбиқи босамар ва босифати сиёсати давлатӣ дар туризм ва беҳтар сохтани фазои фаъолият дар ин самти муҳим ба иқтисодиёти миллӣ заминагузор хоҳад шуд.
Элизабет Миллард иброз дошт, ки аз вақти омаданаш ба Тоҷикистон зебоиҳои ин сарзамин ӯро ба ҳайрат овардааст. Зикр намуд, ки дар пайи сафарҳо аз чандин минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон дидан намуда, ният доранд, ки як мутахассисеро даъват намоянд, то ин ҳама рангорангиро мавриди омӯзиши амиқ қарор диҳад.
Номбурда инчунин вобаста ба рушди ҳамкории дуҷониба зикр сохт, ки барои рушд додани соҳаи сайёҳӣ ва дигар соҳаҳо ҳамеша барои  ҳамкорӣ омодааст.
Дар идомаи мулоқот зикр гардид, ки шумораи сайёҳон аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико низ сол аз сол зиёд шуда истодааст.
Дар охир изҳори боварӣ карда шуд, ки барои боз ҳам пурзӯр кардани ҳамкории мутақобилан судманд дар самти туризм месазад, то ҷалби коршиносони байналмилалии соҳаи туризми Амрико ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирад, ки ин аз манфиат холӣ нахоҳад буд.

Июнь 21, 2016 09:22

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд