Зарари тамоку ба саломатии инсон ва оқибатҳои он
Душанбе, 03.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. 1 ва 2 июни соли равон дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Созишномаи ҳамкории байни Маркази таҳқиқоти оморӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва тайёркунии касбии кормандон барои кишварҳои Исломӣ (SESRIC) машварати омӯзишӣ барои гузаронидани таҳқиқоти истеъмоли тамоку дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Мақсади асосии машварат ворид намудани саволномаи таҳқиқоти истеъмоли тамоку ба доираи таҳқиқоти миллии буҷети хонаводаҳо, баланд бардоштани савияи касбии кормандони таҳқиқоти буҷети хонаводаҳо оид ба тартиби гузаронидани пурсиши аҳолӣ оид ба истеъмоли тамоку, мониторинги беҳтар гардонидани сифати маълумоти таҳқиқоти буҷети хонаводаҳо, таҳлили натиҷаҳои таҳқиқот, гирифтани маълумот оид ба зарари тамоку ба саломатии инсон ва оқибатҳои он буд.
Таҳқиқоти истеъмоли тамоку дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин маротиба гузаронида шуд ва ин таҳқиқот бо мақсади ворид намудани саволномаи байналмилалии истеъмоли тамоку ба таҳқиқоти миллии кишвар барои гирифтани маълумоти муқоисашаванда дар сатҳи байналмилалӣ бо роҳи гузаронидани пурсиши аҳолии калонсол оид ба истеъмоли тамоку ҷиҳати ба роҳ мондани назорат дар самти истеъмоли тамоку дар кишвар ба роҳ монда шудааст.
Саволҳои таҳқиқоти мазкур қисмҳои Низоми ҷаҳонии назорати эпидемиологӣ аз болои истеъмоли маводи тамокугӣ, ки аз тарафи Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) ва Маркази назорат ва пешгирии бемориҳои ИМА ва дигар шарикон бо мақсади расонидани кумак ба кишварҳо барои таҳияи барномаҳо оид ба назорати эпидемиологӣ ва мониторинги истеъмоли тамоку таҳия карда шудааст. Саволнома ҳамчунин ба шароити ҷумҳурӣ мутобиқ кунонида шуда, як қатор саволҳои иловагӣ, масалан оид ба истеъмоли нос, бохабар будани аҳолӣ аз зарари тамокукашӣ ва ба кадом намуди бемориҳо оварда расонидани он низ маълумот ҷамъоварӣ карда мешавад.
Конвенсияи ТУТ оид ба мубориза бар зидди истеъмоли тамоку таъкид менамояд, ки унсури муҳими муборизаи ҷаҳонӣ бар зидди истеъмоли тамоку- ин гузаронидани таҳқиқоти мунтазами ва мониторингҳо оид ба истеъмоли тамоку мебошад.
Бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани таҳқиқоти мазкур 50 нафар кормандони мақомоти омор аз тамоми 5 минтақаи кишвар давоми ду рӯз ба омӯзиш фаро гирифта шуданд. Аз рӯи интихоби хонаводаҳо дар 3000 хонавода бо як нафар узви хонавода, ки синнаш аз 15 боло мебошад, пурсиш гузаронида мешавад.
Натиҷаҳои таҳқиқоти мазкур барои таҳияи барномаҳо дар самти солимии аҳолӣ ва назорат аз болои истеъмоли тамоку ҷиҳати дидани чораҳои самаранок ва саривақтӣ дар самти мубориза бо истеъмоли тамоку дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






