Зарнисор Набиева бо Дипломи дараҷаи 1 сарфароз гардонида шуд

Июнь 9, 2016 15:51

Душанбе, 09.06.2016 /АМИТ «Ховар»/.Дар шаҳри Петрозаводски Ҷумҳурии Карелияи  Федератсияи Русия аз 19 то 22 майи соли равон  Фестивал-озмуни байналмилалии пианинонавозони  ҷавон таҳти унвони «Ҷаҳон ва мусиқӣ. Русия ва Полша» баргузор гардид.
Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон Зарнисор Набиева, хонандаи синфи 8-уми муассисаи таълимии Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявӣ ба номи З.Шаҳидӣ дар фестивали мазкур ширкат варзида, бо Дипломи дараҷаи 1 сарфароз гардид.
Дар ин сафар Зарнисор Набиеваро  омӯзгори сози фортепиано Ванда Макиевская ҳамроҳӣ мекард.
Дар консерт ҳайати ҳакамон, ки  аз кишварҳои Беларус, Полша, Эстония ва Русия интихоб шуда буданд    асарҳои иҷрогардидаи З.Набиева — намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро  хуш пазируфта,  ба  онҳо баҳои баланд доданд.

Июнь 9, 2016 15:51

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад