12 иншоот-туҳфа ба ҷашни Истиқлол

Июль 1, 2016 09:48

Душанбе, 01.07.2016 /АМИТ «Ховар»/.    Дар маркази вилояти Хатлон-шаҳри Қӯрғонтеппа аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои даромад, бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 12 адад иншооти гуногун бо харҷи 119 миллион сомонӣ бо суръат идома дорад.
Бино ба иттилои Ҳомид Мадалиев, сармутахассиси шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа бо маблағи 24 миллион сомонӣ аз тарафи раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон дар хиёбони Ваҳдат сохтмони театри мусиқӣ-мазҳакавии вилоятӣ рафта истодааст, ки корҳои сохтмониаш ба анҷом расида, рангуборкунӣ дар ин бино идома дорад.
Инчунин, гуфта шуд, ки дар маҳаллаи Маданияти шаҳр бо харҷи 12 милиону 667  ҳазор сомонӣ  аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 1240 хонанда ва дар кучаи Дӯстии халқҳо як мактаби замонавии дигар барои 1200 хонанда ба харҷи 12 миллион сомонӣ бо суръат идома дорад.
Ҳ. Мадалиев қайд намуд, ки дар кучаи С. Айнӣ сохтмони бинои истиқоматии 15-ошёнаи дорои 112 ҳуҷра бо ташкил намудани маркази хизматрасонӣ дар ошёнаи якум  ва боғчаи бачагона барои 120 кат дар ошёнаи дуюм бо маблағи беш аз 37 миллион сомонӣ ва дар кучаи ба номи Н. Ҳувайдуллоев сохтмони бинои истиқоматии 5-ошёна бо маблағи 6 миллиону 629 ҳазор сомонӣ дар арафаи анҷомёбист.
Бо дастгирии соҳибкорони шаҳр сохтмони бинои 9-ошёна дар хиёбони Ваҳдат бо маблағи зиёда аз 8 миллион сомонӣ, маркази саломатӣ дар кучаи С. Айнӣ бо харҷи 4 миллиону 630 ҳазор сомонӣ давом дорад.
Сохтмони 2 адад бинои синфхонаҳои иловагии ДДҚ ба номи Носири Хусрав дар кучаи Дӯстии халқҳо бо харҷи наздик ба 8 миллион сомонӣ, маҷлисгоҳ ва варзишгоҳи коллеҷи тиббии шаҳри Қӯрғонтеппа бо маблағи беш аз 4 миллион сомонӣ, кохи фарҳанг ва маркази иттилоотӣ ба маблағи як миллиону шашсаду ҳафт ҳазор сомонӣ ҷараён дорад. Зикр гардид, ки баъди ба истифода додани иншооти мазкур наздики 500 нафар ҷойи нави корӣ ташкил хоҳад шуд.

Июль 1, 2016 09:48

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад