350 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ ба Федератсияи Русия сафарбар шуданд

Июль 7, 2016 10:27

Душанбе, 07.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳафтаи равон дар вилояти Суғд  ба Федератсияи Русия сафарбар намудани муҳоҷирони меҳнатиро оғоз намуд.
Тавре аз Раёсати  ХМ дар вилояти Суғд хабар доданд, дар маҷмӯъ субъектҳои хоҷагидор наздик ба 350 нафар муҳоҷирони меҳнатиро ба Федератсияи Русия сафарбар намуданд.
Бояд гуфт, ки дар ин самт махсусан ҶС «Иттиҳодияи автовокзалҳо»,ҶДММ «Роҳи Абрешем», ҶДММ «Сомонэкспрестранс» ва СИ «Маҳмудов» пешсаф буданд.
Таҳлилҳо нишон доданд, ки аксари кулли сафарбаршудагон дорои маълумоти миёнаи умумӣ ҳастанд ва ягон касбу кори муайян надоранд. Мӯҳлати муҳоҷирати меҳнатии онҳо як сол пешбинӣ шудааст, зикр кард манбаъ.

Июль 7, 2016 10:27

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад