Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати ҶТ барои ишғол намудани мансабҳои холӣ озмуни кушода эълон менамояд
Душанбе, 01.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғол намудани мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ ва кормандҳои техникӣ ОЗМУНИ КУШОДА ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:
Номгӯи мансабҳо:
- Шуъбаи таҳлил, назорат ва таъмини иттилоотии хариди давлатӣ: сармутахассис — 1 воҳид (таҳсилоти олӣ дар соҳаи иқтисодиёт, собиқаи хизмати
давлатӣ на кам аз 2 сол, ё собиқаи умумии меҳнатӣ аз рӯи ихтисос на кам аз 3 сол).
- Бахши ҳуқуқ, такмил ва мониторинги хариди давлатӣ:
сармутахассис — 1 воҳид (таҳсилоти олӣ дар соҳаи ҳуқуқ, собиқаи хизмати давлатӣ на кам аз 2 сол, ё собиқаи умумии меҳнатӣ аз рӯи ихтисос на кам аз 3 сол).
- Бахши молия ва баҳисобгирии муҳосибавӣ:
мутахассиси пешбар — 1 воҳид (тахсилоти олӣ дар соҳаи молия, муҳосибот, иқтисодиёт, собиқаи умумии меҳнатӣ аз рӯи ихтисос на кам аз 1 сол).
- Котиб-коргузор -1 воҳид (таҳсилоти олӣ ва ё миёнаи махсус дар соҳаи гуманитарӣ, собиқаи умумии меҳнатӣ аз рӯи ихтисос на кам аз 1 сол).
Малакаи хуби кор бо компютер ва таҷҳизоти коммуникатсионии идоравӣ, донистани забони давлатӣ барои ҳамаи довталабон ҳатмист, ба донандагони забонҳои хориҷӣ ва дорандагони унвонҳои соҳавии илмӣ афзалият дода мешавад.
Довталабон ба Комиссияи озмунӣ хуҷҷатҳои зеринро бояд пешниҳод намоянд:
- аризаи шахсӣ барои иштирок дар озмун ба Комиссияи озмунӣ (шакли мукарраршуда);
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрӣ (бо ду адад акси 4×6);
- шарҳи ҳол;
- нусхаи шиноснома;
- нусхаи хуҷҷати тасдиқкунандаи таҳсилот;
- нусхаи хуҷҷати тасдиқкунандаи собиқаи меҳнатӣ (дафтарчаи
- меҳнатӣ);
- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсони уҳдадори ҳарбӣ);
- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ (шакли 086);
- нусхаи гувоҳнома аз мақомоти андоз (РМА);
- маълумотнома аз ҷои зист;
- нусхаи шаҳодатномаи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ (СИН)
- нусхаи хатти ақди никоҳ;
Довталабон метавонанд хуҷҷатхои талабгардидаро тавассути суроғаи электронии info@zakupki.gov.tj ё ба сурогаи ш. Душанбе, кучаи Шота Руставели, 22, пешниҳод намуда, маълумоти иловагиро оид ба низоми озмун, салоҳият ва вазифаҳои мансабӣ тавассути телефони 227-66-04 дастрас намоянд.
Муҳлати ниҳоии қабули хуҷҷатҳо то соати 17.00 баъд аз гузаштани муҳлати 14 рузи нашри эълони мазкур дар восоити ахбори омма.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






