Ҷамъбасти фаъолияти шашмоҳаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб

Июль 14, 2016 11:08

Кӯлоб, 14.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Зимни ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти шашмоҳаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб масъалаҳои ҷамъбасти фаъолияти шашмоҳа, тасдиқи ҳайати Ситоди обуна барои соли 2017, тағйирот ба ҳайати Кумитаи иҷроия ва дигар масъалаҳои корӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Тавре аз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб хабар доданд, зимни музокира зикр гардид, ки таблиғи корҳои созандагӣ ва бунёдкоронаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб, мақомоти болоии ҳизбӣ ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар нашрияҳои ҳизбии «Минбари халқ» ва «Ҳамрози халқ» манзур мегардад, ки ин ба рушду нумӯи ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, мафкура ва маънавиёти аҳолӣ таъсири мусбӣ мерасонад. Аз ин лиҳоз, моро зарур аст, ки барои иҷрои ин қарорҳо ва саривақт иҷро шудани нақшаи обуна ба нашриҳои ҳизбӣ тамоми чораҳои заруриро андешем.

Июль 14, 2016 11:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа