Ҳамкории Тоҷикистон ва Ҷопон дар самти рушди захираҳои инсонӣ тақвият меёбад

Июль 27, 2016 14:00

Душанбе, 27.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. 26 июл вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов ва Сафири фавқулода ва мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаҷиме Китаока роҷеъ ба  ҷудо намудани бурсияҳо  тибқи лоиҳаи рушди захираҳои инсонӣ дар чаҳорчӯбаи кумакҳои бебозгашти Ҷопон табодули ёддоштҳоро ба анҷом  расонданд.
Бино ба иттилои ВКХ кишвар, ҳамчунин вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов ва роҳбари Намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Киёши Ишии Cозишномаи грантиро оид ба татбиқи лоиҳаи мазкур ба имзо расондаанд.
Иттилоъ дода мешавад, ки барномаи мазкур кӯшишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро баҳри рушди захираҳои башарӣ дастгирӣ намуда, ба хизматчиёни  ҷавони давлатӣ имкон медиҳад, то маҳорати касбии худро такмил диҳанд.

Июль 27, 2016 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд