Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд

Апрель 7, 2026 10:40

ДУШАНБЕ, 07.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо иштироки шаҳрвандони муқими Мисри Тоҷикистон ва меҳмонон аз кишвари иқомат таҷлил гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср хабар доданд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср Парвиз Мирзозода оид ба арзишҳои умумибашарии Наврӯз ва нақши он дар таҳкими сулҳу ваҳдат, дӯстӣ, инчунин ғамхорӣ ба муҳити зист ва ниёзмандон сухан гуфт. Ҳамзамон ӯ аҳамияти ҳифзи арзишҳои миллӣ ва ваҳдатро дар асоси ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсус таъкид намуд.

Дар доираи чорабинӣ мусобиқаҳои варзишӣ, аз ҷумла тенниси рӯимизӣ, шоҳмот, шашка ва билярд баргузор гардида, ба ғолибон аз ҷониби Сафорат ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.

 

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср

Апрель 7, 2026 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд