Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд

Апрель 6, 2026 09:43

ДУШАНБЕ, 06.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия ба муносибати  Ҷашни байналмилалии Наврӯз ҳамоиши бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Тоҷикистон дар Туркия хабар доданд, дар чорабинӣ устодон ва олимони донишгоҳҳои бонуфузи Туркия, намояндагони воситаҳои ахбори оммаи бонуфузи кишвари иқомат, ба монанди шабакаи телевизион ва радиои ТРТ, оҷонсии “Анадолу”, донишҷӯён ва ҳамватанони муқими ин давлат иштирок намуданд.

Дар ҳамоиш меҳмонон бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд. Гӯшаи арзишҳои миллӣ бо намунаҳои нодири сӯзанидӯзиву гулдӯзӣ ва осори маънавии ниёгон таваҷҷуҳи иштирокдоронро ба таъриху тамаддуни ғании тоҷикон ҷалб намуд.

Иштирокчиён аз тамошои намоиши  либосҳои миллӣ, бахусус  атласу чакан баҳра бурда, бо суннатҳои дастархони наврӯзии “Ҳафтсин” ва “Ҳафтшин” шинос шуданд. Пешкаш намудани таомҳои лазизи миллӣ ва шириниҳои суннатӣ ифодагари меҳмоннавозии хоси мардуми Тоҷикистон дар ин ҷашни ҷаҳонӣ маҳсуб мешуд.

Барномаи фарҳангии фарзандони ҳайати дипломатӣ бо рақсу мусиқии идона табъи ҳозиринро болида намуда, ба маҳфил шукуҳи хосса бахшид. Ин чорабинӣ дар таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва муаррифии шоистаи мероси миллӣ дар кишвари иқомат нақши муҳим гузошт.

 

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия

Апрель 6, 2026 09:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Дар Ашқобод Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»