«Амонатбонк» ба кормандони соҳаи маориф ва тиб қарзҳои хурди имтиёзнок пешниҳод менамояд
Душанбе, 20.07.16. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли равон аз тарафи Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ба омўзгорони ҷавон 1,1 млн. сомонӣ ва муҳоҷирони ихтиёрию экологӣ 238,5 ҳазор сомонӣ қарзҳои дарозмуддати имтиёзнок пешниҳод шудааст.
Дар ин бора зимни нишасти хабарӣ, ки 19 июл дар Душанбе баргузор гардид, иттилоъ дода шуд.
Зикр гардид, ки дар доираи ҳамкории дуҷониба бо Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар маҷмӯъ ба 121 нафар соҳибкорон дар ҳаҷми 106 млн. сомонӣ маблағгузорӣ карда шуд.
Инчунин «Амонатбонк» ба муштариён қарзҳои хурди бо фоизҳои нисбатан имтиёзноки судмандро пешниҳод намуда истодааст. Ин намуди қарз бештар ба кормандони соҳаи маориф, тиб, нафақагирон ва умуман дастгирии сатҳи иҷтимоии мардуми кишвар, бо роҳи ниҳоят содашудаи ҳуҷҷатгузорӣ тавассути филиалҳои «Амонатбонк» дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ пешниҳод шуда истодааст.
Ҳамзамон бо мақсади дастгирии иҷтимоии мардуми ҷумҳурӣ, хусусан кормандони соҳаи буҷетӣ Амонатбонк қарзҳои овердрафтиро тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ ба роҳ монда истодааст, ки истифодабарии он хело қулаю дастрас мебошад.
Дар нимсолаи аввал, бақияи сандуқи қарзии бонк 1,3 млрд. сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2015 244,2 млн.сомонӣ ё 23% зиёд мебошад.








Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд






