Ҳар фарде, ки тақдири сарзамини аҷдодӣ барояш азиз аст, бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошад
Душанбе, 06.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Ҳар як фарди мусулмони кишвари соҳибихтиёри моро зарур аст, ки дар баробари иҷрои воҷиботи динӣ, ҳамеша ба хотири таҳкими сулҳу суботи ҷомеа ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ саъю талош намояд, ободии Ватани маҳбуб, пешрафти давлати соҳибистиқлол ва оромиву осоиши рӯзгори ҳамватанонро қарзи виҷдониву имонии худ шуморад», — омадааст дар Паёми табрикии Пешвои миллат ба ифтихори иди саиди Фитр. Президенти кишвар дар идомаи Паём чунин таъкид намуд: «Зарур аст, ки ҳамватанони мо ва ҳар фарде, ки тақдири сарзамини аҷдодӣ барояш азиз аст, дар навбати аввал, падару модарони арҷманд, аҳли зиё ва шахсони рӯзгордидаву соҳибтаҷриба дар шароити бисёр ноорому пуртазоди ҷаҳони муосир бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд.
Сарвари давлат дар мавзӯи терроризму экстремизм мулоҳизаҳои худро изҳор карда, қайд намуд, ки «Ҳамватанони азизи мо хуб огоҳанд, вақтҳои охир дар як қатор минтақаву кишварҳои ҷаҳон бо истифода аз номи дини ислом аъмоли даҳшатноки террористиву экстремистӣ ва содир намудани кирдорҳои фоҷиабори асримиёнагӣ вусъат гирифта истодааст. Аз ин лиҳоз, ҳамаи мо вазифадорем, ки наврасону ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносӣ ва ифтихори миллӣ тарбия намоем, онҳоро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ созем ва барои омӯзиши илму дониш, касбу ҳунарҳои замонавӣ ва эҳтирому риояи қонуният ташвиқ намоем».
Дар идома Президенти кишвар таъкид намудаанд, ки «Мо бояд ҳангоми гузаронидани маъракаҳои милливу динӣ, аз ҷумла иди Фитр, ҳамеша сарфаю сариштакор бошем, ба намоишкориву исрофкорӣ роҳ надиҳем ва ба ҷои оростани дастархони серхарҷу пурдабдаба дастархони маънавӣ ороем. Яъне барои анҷом додани амалҳои нек, панду насиҳати наврасону ҷавонон, кумак ба ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат ва дигар корҳои хайр кӯшиш намоем».








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






