Б. Ғафуров: фаъолгардии 5 корхонаи нави саноатӣ аз оғози сол
Б. Ғафуров, 15.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи аввали соли 2016 корхонаҳои саноатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба маблағи 235,2 млн. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намуданд, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 87,0 млн. сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш бо нархҳои муқоисавӣ 158,8 фоизро ташкил дод.
Дар ин бора Зариф Назирӣ, раиси ин ноҳия зимни нишасти хабарӣ, ки имрӯз 14 июл доир гашт, иттилоъ дод.
Дар ин замина, қисми даромади буҷети давлатӣ дар нимсолаи якум 101,7% иҷро гардида, ба ҷои нақшаи 77,7 млн. сомонӣ, воридот 79 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 1,3 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Ҳамчунин буҷети маҳаллӣ дар ин давра 102,8% иҷро гардида, ба буҷа 60,3 млн. сомонӣ ворид гардидааст.
Инчунин дар ин давра дар ноҳия 5 адад корхонаҳои нави саноатӣ ба фаъолият шурӯъ намуданд, ки дар натиҷа 450 нафар бо ҷои нави корӣ таъмин гардиданд. Дар умум бошад, аз 98 адад корхонаҳои саноатии ноҳия 44 адад нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро зиёд намуданд.
З. Назирӣ оид ба омодагиҳо ба таҷлили 25 — солагии Истиқлолияти давлатӣ баён дошт, ки дар ин самт дар ноҳия корҳои ташкиливу омодагӣ ва созандагиву бунёдкорӣ ҷараён гирифта, тибқи он сохтмони чанд иншоот ба нақша гирифта шудаанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд






