Ба 84 нафар кўдакон амалиёти ҷарроҳии нуқсони модарзодии дил гузаронида шуд

Июль 14, 2016 10:59

Душанбе, 14.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар шўъбаҳои кўдаконаи Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо» ва Маркази дилу шарёни вилояти Суғд дар шаш моҳи соли ҷорӣ 162 нафар кўдакони гирифтори бемории нуқсони модарзодии дил бистарӣ шуданд, қайд гардид дар нишасти матбуотии  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Инчунин зикр гардид, ки дар ин марказҳо ба 58 нафар кўдак ташхиси ангиокардиография гузаронида шуда, табобати онҳо муайян карда шуд. Ба 84 нафар  кўдакон амалиёти ҷарроҳии нуқсони модарзодии дил  гузаронида шудааст.
Ҳамчунин дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо», Маркази вилоятии ҷарроҳии дилу рагҳои шаҳри Хуҷанд, Маркази тиббии хусусии «Ибни Сино» ва Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои дил» дар маҷмўъ 473 амалиётҳои ҷарроҳӣ дар дилу рагҳо, 576 амалиёти ангиография ва 181 амалиёти стентгузорӣ, инчунин, дар муассисаҳои тиббии мамлакат ба 67 нафар беморон амалиётҳои ҷарроҳии иваз намудани буғум ба буғуми сунъӣ анҷом дода шуданд.
Дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон» дар маҷмўъ ба зиёда аз 200 нафар беморон амалиётҳои пайвандсозии гурда ва ба 15 нафар беморон ҷарроҳии пайвандсозии ҷигар, дар давраи ҳисоботӣ бошад, ба 41 нафар беморон амалиётҳои ҷарроҳии пайвандсозии гурда ва ба 2 нафар ҷарроҳии пайвандсозии ҷигар гузаронида шудаанд. Бояд гуфт, ки гузаронидани чунин амалиётҳо дар муассисаҳои табобатии вилоятҳои Суғд ва Хатлон ба роҳ монда шуданд, зикр гардид дар нишаст.

Июль 14, 2016 10:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд