Баҳри ҳифзи ҳайвонҳои нодири Тоҷикистон зиёда аз 219 рейнҷер масъуланд

Июль 31, 2016 08:00

Душанбе, 31.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. 31 июл дар тамоми ҷаҳон  Рӯзи байналмилалии  ренҷерҳо ҷашн гирифта мешавад.  Бори аввал ин рӯз соли 2007 бахшида ба 15- солагии Федератсияи байналмилалии рейнҷерҳо — шахсоне, ки ҳайвонҳои ваҳшӣ ва ҷои сукунати онҳоро муҳофизат мекунанд, ҷашн гирифта шуда буд.
Бояд гуфт, ки дар давлатҳои ИДМ, аз ҷумла дар Тоҷикистон рейнҷерҳо гуфта, нозирони давлатии боғу бешазорҳоро ном мебаранд.
Тавре, ки аз Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, имрӯз баҳри  ҳифз намудани ҳайвонҳои нодири Тоҷикистон дар бешазорҳои ҷумҳурӣ зиёда аз 219 нафар муҳофизон ё ренҷерҳо масъул ҳастанд. Муҳофизон баҳри ҳифз намудани ҳайвонҳои нодир ҳамарӯза дар минтақаи сукунати онҳо аз ҳаёташон хабар мегиранд.
Зикр гардид, ки  зимистони соли 2015-2016   ба Тоҷикистон кӯчиши парандаи нодир-лаклаки сиёҳ мушоҳида шуд, ки ин гуна мушоҳида 24 сол пеш ба қайд гирифта шуда буд.
«Бино ба мушоҳидаи олимон бо сабаби зимистони сахт омадан дар қисмати Аврупо  лаклаки сиёҳ ба Тоҷикистон барои зимистонгузаронӣ омада буд», -афзуд манбаъ.
Мавриди зикр аст, ки ҳамасола аз тарафи муассисаи давлатии Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аксияи наҷоти ҳайвонҳои нодир гузаронида мешавад. Аксияи мазкур моҳи сентябр, дар Рӯзи касбии кормандони хоҷагии ҷангал гузаронида мешавад.
Аҳли эҷоди АМИТ «Ховар»  тамоми муҳофизатгарони нозирони давлатии боғу бешазорҳоро  бо Рӯзи байналмиллалии рейнҷерҳо табрик намуда ба онҳо саломатии қавӣ, бурдборӣ ва дар корҳояшон муваффақият ва бехатариро таманно дорад.

Июль 31, 2016 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд