Далелҳои хотирмони Ҷоми Аврупо-2016
Душанбе, 6.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бозиҳои ниҳоии Чемпионати Аврупо оид ба футбол дар Фаронса дар арафаи анҷомёбӣ мебошанд. Дар ин ҷараён факту рақамҳо ва ё худ асноде вуҷуд доранд, ки хеле ҷолибанд ва дар хотирҳо нақш мебанданд.
Маоши аз ҳама ночизи мураббиён дар бозиҳоии ниҳоии Ҷоми Аврупо-2016 ба сармураббии мунтахаби Русия Леонид Слутский тааллуқ дорад. Маоши ӯ ба 0,00 рубл баробар аст. Леонид Слутский танҳо барои ғалабаи дастааш маблағеро чун ҳадя (бонус) ба худ ихтисос медод. То омадани Леонид Слутский Фабио Капело дар дастаи мунтахаби Русия 8 миллион евро маош мегирифт.
Бозингари аз ҳама ҷавони Евро-2016 Маркус Рошфорд аз тими мунтахаби Англия ба шумор меравад. Ӯ 18 — сола аст.
1 миллион нафар одам дар таҳияи суруди (гимн) бозиҳои Евро-2016 саҳм гузоштаанд. Девид Гетта, муаллифии суруди This One’s For You, аз мухлисони ҳамаи тимҳои дунё хоҳиш карда буд, ки садои худро бо ин суруд сабт карда, ба ӯ фиристанд. Дар натиҷа ин диджей ҳама садоҳоро истифода бурдааст.
Дарвозабони тими мунтахаби Маҷористон Габор Кирайи 40-сола аз солортарин бозингарон дар таърихи бозиҳои ниҳоии Ҷоми Аврупо маҳсуб мешавад.
Арзиши ҳамаи бозингарони ширкатдори Ҷоми Аврупо-2016 ба 5,16 миллиард евро баробар аст.
Бозингари аз ҳама арзонтарини ин силсилабозиҳо Эрме Мор аз Туркия ба ҳисоб меравад, ки 100 ҳазор евро арзиш дорад.
Дастаи мунтахаби аз ҳама арзон Маҷористон (23,3 миллион евро) ва аз ҳама қимматтарин Олмон (562 миллиони евро) ба шумор мераванд.
Фаронса барои гузаронидани бозиҳои ниҳоии Ҷоми Аврупо-2016 1,7 миллиард евро сарф намудааст.
Ҳамаи дастаҳои мунтахаби бозиҳоии ниҳоии Евро-2016 барои иштирокашон соҳиби 8 миллион евро гардиданд.
Бозингари аз ҳама гаронтарин дар бозиҳои ниҳоии Чемпионати Аврупо тибқи хабари сомонаи «Transfer-market», муҳоҷими дастаи мунтахаби Португалия Криштиан Роналдо ба ҳисоб меравад, ки арзишаш ба 110 миллион евро дакка мехурад. Ин маблағ аз арзиши ҳамаи бозингарони тими мунтахаби Маҷористон 4 баробар зиёд аст.
Аз ҳама бозингари босуръати (тездав) Евро-2016 Гарет Бейли уэлсӣ ба шумор меравад. Бейл суръати давиданашро то ба 36,9 км/соат расонида метавонад. Аз ҳамин хотир соли 2013 ӯро КФ «Реал» ба маблағи 100 миллион евро харидорӣ кард.
Ду нафар бародарон Таулант Ҷакка аз дастаи мунтахаби Албания ва Гранит Ҷакка аз дастаи мунтахаби Швейтсария дар ҷараёни бозиҳои ниҳоии Чемпионати Аврупо-2016 дар муқобили ҳам бозӣ кардаанд. Ин дар таърихи бозиҳои ниҳоии Ҷоми Аврупо бори аввал аст. Ҳар ду бародарон дар дастаи «Базел»-и Швейтсария ҳунарнамоӣ мекунанд, вале аз сабаби он, ки Таулант ба тими мунтахаби Швейтсария даъват нашуд, решаи баромади худро истифода бурда, шаҳрвандии Албнияро қабул кард ва ба ҳайати дастаи мунтахаби ин кишвар шомил шуд. Швейтсария бо натиҷаи 1:0 дар вохӯрии мазкур ғалаба карда бошад ҳам, дар рақобати ин дастаҳо аз ҳама асосӣ ширкати ду бародар дар муқобили ҳам маънидод мешавад, ки бо шарофати онҳо ин бозӣ дар таърих боқӣ мемонад.
Довари бозии байни дастаҳои мунтахаби Русия ва Уэлс Йонас Эрикссони шведиро ҳеҷ гоҳ харидан нашояд. Ӯ аз бойтарин доварони ҷаҳон муаррифӣ мешавад. Солҳои 90-ум Йонас ширкати харидуфурӯши гузоришҳои варзиширо бо рафиқаш асос гузошт ва онро консерни фаронсавӣ дар соли 2007 харидорӣ кард, ки дар натиҷа Йонас Эриксон аз 15 фоизи саҳмияҳояш сазовори 7 миллион евро гардид.
Зиндагии боз як довари дигар, Милорад Мажичи серб ҳам аз маблағи доварӣ бастагӣ надорад. Ӯ директори Комбинати гӯшти Zlatiborac дар шаҳри Нови-Саде мебошад, ки дар давраи бозиҳои ниҳоии Ҷоми Аврупо-2016 барои тамошои бозиҳо ба кормандонаш «минтақаи мухлисон» (фан-зона)-ро ташкил намудааст.








Довар аз Тоҷикистон бозиҳои қисми ниҳоии Ҷоми футзали Осиё-2026-ро ҳакамӣ мекунад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон беш аз 20 майдонча ва толори варзишӣ сохта шуд
Машғулият оид ба таҳлили бозиҳо барои мураббиёни лигаҳои наврасони Тоҷикистон оид ба футбол идома дорад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба 100-гонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид гардид
Бозии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ оид ба футзал мусовӣ анҷом ёфт
«ФУТБОЛ БА НАЗДИ ШУМО МЕОЯД». Дастаи кӯдакони ноҳияи Лахш соҳиби ҷойи аввал гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал дар доираи машқҳои таълимӣ ду бозии санҷишӣ доир кард
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) Аморати Муттаҳидаи Арабро мағлуб намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар бозии дӯстона дастаи Арабистони Саудиро мағлуб намуд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал пеш аз Ҷоми Осиё-2026 се бозии санҷишӣ анҷом медиҳад
Таҷрибаи академияҳои маъруфи ҷиу-ҷитсуи ИМА барои рушди варзиш дар Тоҷикистон омӯхта мешавад
Дар Душанбе қуръакашии марҳилаи муқаддамотии Ҷоми ФФТ-2026 оид ба футбол баргузор шуд






