Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон омӯзиши ихтисоси нав «пиряхшиносӣ» роҳандозӣ гардид
Душанбе, 13.07.2016. /АМИТ Ховар/. Барқарор намудан ва густариши ҳамкории илмӣ, таҳсилотӣ ва фарҳангӣ бо макотиби олӣ ва марказҳои илмии кишварҳои хориҷӣ аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.
Танҳо дар давоми шаш моҳи соли равон Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо 22 муассисаи илмиву таълимии кишварҳои хориҷӣ қарордодҳои дуҷонибаро оид ба ҳамкорӣ ба тасвиб расонидааст, — зикр намуд ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон академик М. Имомзода зимни нишасти матбуотӣ, ки дирӯз дар Душанбе бо ҳузури хабарнигорони ватаниву хориҷӣ баргузор гардид.
Географияи ҳамкории бурунмарзии ДМТ кишварҳои гуногуни Осиёву Аврупо ва Амрикоро фаро мегирад. Дар баробари ин, Донишгоҳи миллӣ бо намояндагиҳои созмонҳои байналмилалӣ, ки дар Тоҷикистон фаъолият доранд ва бо муассисаҳои илму маорифи кишварҳои хориҷӣ тафоҳумномаҳои ҳамкорӣ ба имзо мерасонад, ки барои рушди минбаъдаи илм равона шудааст. Аз ҷумла, созишнома оид ба ҳамкорӣ байни комиссияи олии аттестатсионии Ҷумҳурии Қирғизистон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои таъсиси шӯроҳои диссертатсионии муштараки байнидавлатӣ заминаи ҳуқуқӣ гузошт. Айни ҳол корҳои омодагӣ барои таъсиси шӯроҳои диссертатсионӣ аз рӯйи равияҳои мухталифи илм дар марҳалаи анҷомёбист ва аз оғози соли хониши 2016-2017 шӯроҳои диссертатсионии байнидавлатии муштарак ба фаъолият шурӯъ хоҳанд кард.
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо беш аз 184 донишгоҳу муассисаҳои илмии кишварҳои хориҷӣ ҳамкории мутақобилаи судманд дорад.
Хотиррасон мешавем, ки ДМТ аз кӯҳантарин муасиссаҳои таҳсилоти олии касбӣ буда, ҳоло дар он 199 мутахассиси соҳаҳои мухталиф дар 18 факултет тайёр карда мешаванд. Яке аз ихтисоси нав, ки омӯзиши он имсол дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба роҳ монда шуд, ихтисоси пиряхшиносӣ мебошад.








«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд






