Дар Хуросон ҳодисаҳои номатлуби занону бонувон пешгирӣ мешаванд
Душанбе, 21.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Оид ба рафти иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи зуроварӣ дар оила» дар Ҷамоати деҳоти Ҳилолии ноҳияи Хуросон вохӯрӣ доир гардид.
Ин вохӯрӣ бо ибтикори раёсати кор бо занон ва оила ва шӯрои занони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон баргузор гардид.
Тавре аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар доданд, мақсад аз гузаронидани ин вохӯрӣ пешгирии ҳодисаҳои номатлуб аз қабили ҷиноятсодиркунӣ, худкушию худсӯзӣ, сӯиқасд ба ҷон, ҷудошавии оилаҳои ҷавон, гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро ва экстермистӣ, рӯ ба фарҳанги бегона овардани занону бонувон мебошад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд






