Дар Конибодом семинари омӯзишӣ баҳри пешгирии коррупсия доир гардид
Душанбе, 18.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Мубориза бо коррупсия кори дастаҷамъона ва умум буда, дар он мақомоти давлатӣ дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бо иштироки ҳар як фарди ҷомеа метавонад натиҷаҳои дилхоҳ бахшад ва афзоиши коррупсияро коҳиш диҳад. Ин нуқта дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 апрели соли 2013 таъкид шудааст: «Дар кори мубориза бо коррупсия ғайр аз мақомоти давлатӣ ҳар як фарди ҷомеа низ бояд саҳмгузор бошад».
Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо Хазинаи Авруосиёгии Осиёи Марказӣ-Тоҷикистон баргузории семинарҳои омӯзиширо барои ҳайати Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят ба роҳ монда, чунин семинарро ин навбат дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом доир намуд.
Семинар таҳти роҳбарии муовини аввали раиси шаҳр Бахтиёр Ахмедов баргузор гардида, намояндагони раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ташкилоти ҷамъиятии Хазинаи Авруосиёгии Осиёи Марказӣ Тоҷикистон, ҳайати Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ, комиссияҳои ҷамъиятӣ дар назди ҷамоатҳои деҳот, раёсати маориф, бахши фарҳанги шаҳри Конибодом ва намояндагон аз шаҳри Исфара иштирок намуданд.
Дар ҷаласа зикр гардид, ки пешгирӣ аз зуҳуроти номатлуби ҷомеа, аз қабили коррупсия вазифаи аввалиндараҷа ва ногузири комиссияи ҷамъиятӣ ба шумор рафта, бо он бояд муборизаи пурзӯр бурда шавад.
Мавридид зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати решакан кардани коррупсия ва ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта тадбирҳои иловагиро амалӣ месозад, ки қабул ва татбиқи муваффақонаи «Стратегияи муқовимат бо коррупсия барои солҳои 2013-2020» аз қабили онҳост.
Бояд тазаккур дод, ки баргузории семинари мазкур барои дуруст ба роҳ мондани фаъолияти комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва ба ин васила пурзӯр намудани муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат мекунад.








Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд






