Дар мавзеи Ҷелондеҳ бинои нав барои олимони АИ ҶТ ба истифода дода шуд

Июль 11, 2016 16:24

Хоруғ,11.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бо ба истифода додани бинои нав олимони Пажӯҳишгоҳи биологии Помири Академияи илмҳои ҶТ имконият пайдо намуданд, ки дар баробари анҷом додани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, ҳамчунин бо истифода аз обҳои шифобахши ин мавзеъ саломатии худро барқарор созанд.
Ин бино аз 5 утоқ, ошхона ва ду ҳавзи оббозӣ иборат буда, дар сохтмони он коргарони ҶДММ «Худоёрбек» саҳм гузоштанд. Роҳбари ин ҷамъият Ошӯрбек Худоёрбеков гуфт, ки азбаски  омӯзиши тағйирёбии иқлим, хусусиятҳои шифобахшии об ва микроэлементҳои он кори саҳлу осон нест, мо кӯшиш намудем, ки олимон ҳангоми фаъолият хеҷ гуна нороҳатиро эҳсос накунанд. Ба сифати корҳо аҳамияти ҷиддӣ равона намудем.
Дар мавзеи Ҷелондеҳи ноҳияи Шуғнон  дар заминаи обҳои шифобахш дар замони истиқлол  8 фароғатгоҳ бунёд ёфтаанд. Қаблан дар ин макон танҳо як бинои куҳна, ки ба собиқ колхози деҳа тааллуқ дошт, мавҷуд буд. Обҳои геотермалии ин мавзеъ наздик ба 80 дараҷа гармӣ дошта, дар баробари хусусияти шифоӣ доштан, онро чун манбаи гармии хонаҳо низ истифода мебаранд.

Июль 11, 2016 16:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Кӯдакону наврасони ноҳияи Шаҳринав ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Дар Хатлон ташаббуси вилоятии «Саҳми ман дар ободии Ватан» доир карда мешавад
Беш аз 5 ҳазор ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф карда шуд
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ 873 миллион сомониро ташкил дод
Кишоварзони Кӯлоб аввалин маротиба зери плёнка чигит кишт намуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Таърих, фарҳанг, табиат ва меҳмоннавозии мардум вилояти Суғд сайёҳонро бештар ба худ ҷалб намудааст
Дар истироҳатгоҳи омӯзишии «Истиқлол» таътили тобистонаи хонандагон хотирмон мегузарад
Дар ноҳияи Деваштич ҳамоиши гирандагони Стипендияи президентӣ баргузор гардид
Дар Тоҷикистон дар беш аз 27 ҳазор гектар ҷуворимакка барои дон кишт гардидааст
Имрӯз ҳаво дар водиҳои Тоҷикистон то 40 дараҷа гарм мешавад