Дар Минск конфронси байналмилалии илмию амалӣ бахшида ба 25-умин солгарди ИДМ баргузор мегардад
Душанбе, 04.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар Академияи миллии илмҳои (АМИ) Беларус ҷаласаи навбатии кумитаи тадорукот оид ба омодагӣ ва баргузории конфронси байналмилалии илмию амалӣ бахшида ба «25 соли Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: натиҷаҳо ва дурнамо» баргузор гардид.
Дар конфронс чор мавзӯъ: «Ҳамкории иқтисодӣ ва такмили заминаи ҳуқуқии кишварҳои иштирокдори ИДМ», «Ҳамкории илмӣ ва инноватсионии кишварҳои иштирокдори ИДМ», «Ҳамкории кишварҳои иштирокдори ИДМ дар соҳаи маориф, фарҳанг, сайёҳӣ, варзиш ва сиёсати ҷавонон», ва «Ҳамкории кишварҳои иштирокдори ИДМ дар соҳаи амният» матраҳ хоҳанд шуд
Конфронси байналмилалӣ 28-29 сентябри соли равон дар шаҳри Минск баргузор мегардад.
Дар кори конфронс беш аз 200 намояндагони тамоми кишварҳои иштирокдори ИДМ, сафирон ва намояндагони доимии кишварҳои аъзои ИДМ, кормандони намояндагиҳои дипломатӣ ва намояндагиҳои ташкилотҳои байналмилалии муқими Беларус, намояндагони мақомоти ИДМ ва созмонҳои заминавии кишварҳои ИДМ, аъзои Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ дар назди Шӯрои иқтисодии ИДМ , намояндагони зиёиёни илмӣ иштирок мекунанд.








Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик






