Дар натиҷаи садамаҳои нақлиётӣ чор нафар ҷароҳати вазнин бардошта, ду нафар ба ҳалокат расиданд
Душанбе, 14.07.2016 /АМИТ«Ховар»/. 11 июли соли равон ронандаи мошини тамғаи «Опел Астра», марди 21-солаи сокини ноҳияи Варзоб, ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати деҳоти Ҳисор ба самти маркази ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарахти канори роҳ бархӯрдааст.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии кишвар хабар доданд, дар натиҷа худи ронандаи мошини «Опел-Астра», 3 нафар мусофирони 21-солаи сокинони ноҳияи Ҳисор ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд. Мутаассифона, як нафар мусофир дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Дар ноҳияи Рӯдакӣ низ як садамаи нохуши нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст. 13 июл ронандаи мошини тамғаи «Мерседес — Бенс», марди 27-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Лоёб ба самти деҳаи Охтоқи ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дар тарафи чапи роҳ мошинро чаппа кардааст. Дар ин ҳодисаи нохуши нақлиётӣ худи ронанда дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






