Дар Ваҳдат Варзишгоҳи марказӣ барои 25 ҳазор тамошобин дар арафаи ҷашни Истиқлолият ба истифода дода мешавад

Июль 14, 2016 11:05

Ваҳдат, 14.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази шаҳри Ваҳдат барои 25 ҳазор нафар тамошобин Варзишгоҳи марказии замонавӣ сохта истодаанд, ки дар арафаи ҷашни 25- солагии Истиқлолияти давлатӣ ба истифода дода мешавад. Ваҳдатиён ин иди фархундаро дар варзишгоҳи нав бо иштироки меҳмонони олиқадри чумҳурӣ ҷашн мегиранд.
Варзишгоҳи мазкур аз шаш қисмат иборат буда, ду қисмати онро Дирексияи сохтмонии иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағи 21 миллион сомонӣ бунёд менамояд ва қисматҳои боқимондаро Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат бо маблағи 32 миллион сомонӣ маблағгузорӣ хоҳад намуд.
Дар сохтмони мазкур дар ду баст зиёда аз 500 нафар коргарон бо кори доимӣ машғул мебошанд. Инчунин рӯзҳои шанбе аз ҳисоби сокинони шаҳр барои корҳои ободонии назди варзишгоҳ ҳашарҳои умумӣ ташкил гардид, ки дар онҳо  зиёда аз 2 ҳазор нафар иштирок карданд.

Июль 14, 2016 11:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд