Дар Восеъ духтарчаи ноболиғ дар садамаи нақлиётӣ ба ҳалокат расид
Душанбе, 18.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. 17-уми июл, тахминан соати 13.00 дақиқа, ронандаи мошини тамғаи «ДэуНексиа», марди 52-солаи сокини ноҳияи Восеъ ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди деҳаи Кадучии ҳамин ноҳия, бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, духтарчаи 13-солаи сокини маҳаллиро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагарди ноболиғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд






