Даври аввали Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2016» ҷамъбаст гардид

Июль 5, 2016 09:02

Душанбе. 05.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. Даври аввали Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2016» дар шаҳри Душанбе, навоҳии тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Суғду Хатлон ҷамъбаст гардида, ба  даври дуюми он, ки моҳи августи соли равон дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Кӯлоб, Вахш, Рӯдакӣ, Файзобод, Ҳисор, Тоҷикобод, Роғун ва ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо гирифтани  баҳои баланди ҳакамон роҳ ёфтанд.
Даври аввали «Андалеб-2016» ва баргузории барномаҳои ҳунарии шаҳру ноҳияҳои ВМКБ бо сабаби зиёд будани чорабиниҳо бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ дар мувофиқа бо роҳбарияти Вазорати фарҳанг тамдид гардида, дар рӯзҳои 11-20 июли соли равон гузаронида мешаванд.
Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Андалеб» чанд сол инҷониб аз ҷониби Вазорати фарҳанги кишвар дар якҷоягӣ бо Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар доираи «Барномаи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии халқи тоҷик барои солҳои 2013-2020» баргузор мегардад.
Соли равон мавзӯъҳои асосии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2016»-ро  намоиши  дастовардҳои ҳунарию фарҳангии 25-соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил додааст.

Июль 5, 2016 09:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад