Деҳқонони ноҳияи Лахш сокинони ҷумҳуриро бо картошкаи хушсифат таъмин менамоянд
Лахш, 14.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. Шуғли асосии кишоварзони ноҳияи Лахш картошкапарварӣ буда, онҳо ҳамасола аз майдонҳои 500 гектараи Ҷиргатол, Лахш, Бӯстон ва Қизилсу ҳосили фаровон истеҳсол намуда, сокинони ҷумҳуриро бо картошкаи хушсифат таъмин менамоянд. Имсол 8 ҳазору 729 нафар саҳмдорони 1 ҳазору 668 адад хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия дар майдони беш аз 2 ҳазор гектар картошка кишт кардаанд.
Тибқи иттилои деҳқонони ботаҷрибаи ноҳияи Лахш, соли ҷорӣ бо мусоид омадани обу ҳаво ва кишти тухмиҳои хушсифату сари вақт бо ғизо ва об таъмин намудану нигоҳубини доимии киштзор нашъунамои қитъаҳои картошка хуб мебошад, ки он аз заҳмати шабонарӯзии деҳқонон шаҳодат медиҳад.
Ҳамасола масъулини ташкилоту идораҳои дахлдор ченаки ягонаи кишти картошка мегузаронанд, ки роҳбарони хоҷагиҳои кишоварзӣ ба изофанависӣ роҳ надиҳанд ва хушбахтона соли гузашта, аз майдони панҷсад гектараи дашти Ҷиргатол то 550 сентнер ҳосил гирифтаанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






