Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон аввалин муассисаи мустақили давлатӣ доир ба рассомӣ мебошад
Душанбе, 27.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. «Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бинобар сабаби зарурати кадрӣ 3 нафар донишҷӯи курси 3-и ихтисоси санъатшиносиро ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия барои омӯзишу мукаммалгардонии дониши худ ба таҷрибаомӯзӣ сафарбар намуд»,- гуфта шуд имрӯз зимни нишасти хабарӣ дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон.
Ба иттилои роҳбарият, ҳадафи асосии ин иқдом дар ояндаи наздик барои донишкада омода намудани мутахассисони варзидаи соҳаи санъатшиносӣ буда, дар ин самт як қатор тадбирҳои судманд андешида шуданд.
Бояд зикр кард, ки Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон 30 марти соли 2013 таъсис ёфта, аввалин муассисаи мустақили давлатӣ доир ба рассомӣ ба ҳисоб меравад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






