Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон аз рӯи 37 ихтисос мутахассис тайёр мекунад
Душанбе, 26.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон факултаҳои «Молия ва қарз, «Ҳисобдорӣ ва омор», «Иқтисоди молиявӣ ва андозбандӣ», «Муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ», «Менеҷмент ва ҳуқуқи молиявӣ», «Технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт» ва шуъбаи магистратура амал мекунанд, ки аз рӯи 37 ихтисос мутахассисонро тайёр менамояд. Ин матлабро дирӯз ректори донишкада Ашӯрбой Солеҳзода зимни нишасти матбуотӣ оид ба фаъолияти нимсолаи донишкада иброз намуд.
Дар айни замон дар донишкада 1633 нафар донишҷӯён тариқи буҷавӣ, 75 нафар тибқи квотаи Президентӣ ва 4 ҳазору 807 нафар тариқи шартномавӣ дар шуъбаи рӯзона ва ғоибона таҳсил мекунанд.
Бояд гуфт, ки Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар байни 31 донишгоҳу донишкадаҳо дар рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҷойи чорумро ишғол намудааст, ки нуфузи донишкадаро дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ боз ҳам боло бардоштааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






