Донишмандони тоҷик бори нахуст ба ҷаҳони табии инсон рӯ оварданд

Июль 8, 2016 11:22

Душанбе. 08.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили рӯнамоии китоби Т. Раҷабов, физикдони тоҷик таҳти унвони «Назария дар бораи тафовут дар табиати ашёӣ: дар мавриди қонуниятҳои тафовути табиат, минталитет ва зарфиятҳои инсон» баргузор гардид.
Муаллифи китоб  оид ба таълифи китоб, мӯҳтаво ва моҳияти илмии мавзӯи он  ба иштирокдорони ҳамоиш маълумот дода, зикр намуд,  ки илми муосир дар шинохти табиати инсон имрӯз аз имкониятҳои соҳаҳои гуногуни донишҳои муосир истифода менамояд ва махсусан, аз нигоҳи қолабҳои тафаккури умумии табиатшиносӣ ва илмҳои дақиқ пажӯҳиш намудани вежагиҳои табиати инсон ба ҳукми анъана даромада истодааст.
«Мо бори нахуст кӯшиш ба харҷ додаем, ки ба ҷаҳони табии инсон, ки муҳимтарин ва мураккабтарин офаридаи табиат аст, таваҷҷуҳ намоем»,- гуфт Т. Раҷабов ва афзуд, ки   мақсади мо ошкор кардани омилҳои табиат дар ташаккули вазъи иҷтимоии ҷомеаи инсонӣ аст.
Бо истифода аз мафҳуму ифодаҳои математикӣ дар китоби мазкур собит карда мешавад, ки инсон сарфи назар аз ҳамаи омилҳои табию иҷтимоии ташаккулаш дорои сифатҳо ва қобилиятҳои фитрию модарзодист, ки он дар ҷое инкишоф ёфта, дар синни камолот ӯро дар ин ё он соҳаи илм ё ҳунар соҳибистеъдод мегардонад. Барои ба ин мартаба расидан як қатор омилҳое ҳастанд, ки онҳоро зери мафҳуми «сифатҳои матеватсионӣ» дар китоби мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Сипас, дар ҳамоиш  Д. Комилов, академики Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, А. Комилӣ, доктори илмҳои физикаю математика, А. Байзов, номзади илмҳои филологӣ Ш, Солеҳов, доктори илми филология, докторони илми таърих А. Қушматов, А. Афзалов ва дигарон доир ба мӯҳтавои китоб фикру мулоҳизаҳои худро баён намуда, таъкид карданд, ки воқеан ин шеваи таҳқиқи табиати одамӣ дар илм падидаи комилан наву  назарияи тоза аст ва пешниҳод намуданд, ки китоби мазкур бояд  бо иштироки донишмандони соҳаҳои гуногуни илми муосир мавриди баррасӣ қарор гирад, ки он барои такмили назарияи мазкур муфид  хоҳад буд.
Илова бар ин, дар ҳамоиш зикр гардид, ки Т. Раҷабов воқеан муҳаққиқи ҷӯянда ва пуркору фаррохназар мебошад. Махсусан корҳои пажӯҳишии солҳои охир ба анҷом расонидаи ӯ далели дар масири дурусту имрӯзии донишҳои илмӣ қарор доштани ин муҳаққиқи тоҷик мебошад. Дар ин натиҷагирии илмӣ, ки дар шакли китоб пешниҳод гардидааст, муаллиф ҳамчун як назарияпардози комилан ҷадид муаррифӣ мешавад ва афкори назарии пешниҳодгардидаи ӯ метавонад барои таҳқиқоти минбаъдаи амалӣ замина фароҳам оварад.

Июль 8, 2016 11:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон гармии ҳаво ба 40 дараҷа мерасад
Дар Душанбе марҳилаи дуюми Лоиҳаи «Тавонмандсозии марказҳои матбуотӣ ва ҳамкории онҳо бо ВАО» оғоз ёфт
Дар вилояти Хатлон гардиши савдои хориҷӣ ба 210,2 миллион доллар баробар гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Кӯдакону наврасони ноҳияи Шаҳринав ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Дар Хатлон ташаббуси вилоятии «Саҳми ман дар ободии Ватан» доир карда мешавад
Беш аз 5 ҳазор ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф карда шуд
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ 873 миллион сомониро ташкил дод
Кишоварзони Кӯлоб аввалин маротиба зери плёнка чигит кишт намуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Таърих, фарҳанг, табиат ва меҳмоннавозии мардум вилояти Суғд сайёҳонро бештар ба худ ҷалб намудааст