Дуздҳои шабгард дар боғи пойтахт…

Июль 18, 2016 12:06

Душанбе, 18.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. 15-уми июл, тахминан соати 22.00-дақиқа дар кӯчаи Ҳ.Шерозии пойтахт дар назди боғи Наврӯзгоҳ шахсони номаълум бо роҳи зӯроварӣ марди 25-солаи сокини ноҳияи Фархорро зери латукӯб қарор дода, телефонии мобилии ӯро тамғаи «Флай», ки арзишаш 600-сомониро ташкил медиҳад, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия дар гумонбарӣ ба содир намудани ҷинояти мазкур ду нафар ҷавонони сокини шаҳри Душанбе, яке 21, дигарӣ 18-соларо дастгир намуданд.
Нисбат ба далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Июль 18, 2016 12:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд