Эмомалӣ Раҳмон: «Бо шарофати истиқлолият таҷлили маросим ва анъанаву суннатҳои милливу динӣ муяссар гардид»
Душанбе, 06.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Мардуми Тоҷикистон маҳз ба шарофати истиқлолияту соҳибихтиёрӣ ба эҳёи суннату анъанаҳои неки гузашта ва таҷлили иду маросим ва анъанаву суннатҳои милливу динӣ муяссар гардиданд. Ва ҳар ҷашну маросим ва суннати неки аз ниёгон ба ёдгормонда, ки аз умқи таърих бо беҳтарин хислату арзишҳои инсонӣ ва ҳамроҳ бо рӯҳи устувори миллатамон то ба рӯзгори мо расидааст, нишонаи фарҳанги пурғановат ва рамзи орзуву ормонҳои халқи бостониву фарҳангсолорамон мебошад», — омадааст дар Паёми табрикии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Иди Рамазон, ки имрӯз дар Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.
Президенти кишвар зимни Паёми табрикӣ чунин таъкид намудаанд: «Моҳи мубораки Рамазон ва иди саиди Фитр аз ҷумлаи суннатҳои бисёр муқаддаси мардуми мусулмони мо буда, беҳтарин арзишҳои инсонӣ — сабру таҳаммул, некиву накӯкорӣ, дастгирии ҳамдигар, раҳму шафқат, бахшиши гуноҳ ва аъмоли хайру созандаро дар худ таҷассум кардаанд. Мардум дар рӯзи ин иди муборак ба анҷоми амалҳои хайр даст мезананд, аз ҷумла ба аёдати беморону азодорон мераванд, дар ҳаққи гузаштагон дуои хайр мекунанд, ба ятимону маъюбон ва дигар шахсони ниёзманд кумак мерасонанд ва ба хешу наздикон саломативу хонаободӣ, бахту саодат ва ба ҷомеаву давлати худ суботу оромӣ орзу мекунанд».
Иди саиди Фитр яке аз ду иди асосии мусулмонони ҷаҳон буда, тибқи анъана ҳар сол баъди ба охир расидани моҳи шарифи Рамазон дар рӯзи аввали моҳи Шаввол таҷлил мегардад. Ин иди бузургро бори нахуст дар соли дуюми ҳиҷрӣ ҷашн гирифтаанд ва муддати таҷлили он як шабонарӯз будааст.








Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд






