«Файзи истиқлол» ба рушди театрҳои халқӣ мусоидат хоҳад кард
Душанбе, 07.07.16. /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷумҳурӣ фестивал озмуни ҷумҳуриявии Театрҳои халқӣ таҳти унвони «Файзи истиқлол» ҷамъбаст гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанг хабар доданд, фестивал-озмуни «Файзи истиқлол» ба муносибати 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати фарҳанг бо мақсади тақвияти фаъолияти нақши театрҳои ҳалқӣ ва маҳфилҳои драмавии шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар тарбияи ҳисси ватандӯстии насли наврас ва баланд бардоштани қадру манзалати театрҳои халқӣ гузаронида шуд.
Дар маҷмӯъ дар чорабинӣ, ки таи се моҳи охир давом дошт, 23 театрҳои халқӣ дар маркази вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ намоиши худро пешкаши тамошобинон намуданд. Мувофиқи талаботи фестивал-озмун он намоишҳое манзури тамошобинон гардиданд, ки ба мақсад ва номи чорабинӣ мувофиқат кунанд.
Ба муносибати 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ 17 нафар иштирокчиёни фаъоли фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрхои халқӣ аз тамоми гӯшаи кишвар бо нишони сарисинагии «Аълочии фарҳанги ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ифтихорномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида хоҳанд шуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






