Фарҳанг: ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ густариш меёбанд
Душанбе, 23.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар нишасти матбуотии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардид, ки дар нимсолаи аввали соли равон иштироки аҳли фарҳангу ҳунар дар чорабиниҳои фарҳангии дар кишварҳои хориҷ баргузоргардида назаррас буд. Аз ҷумла, моҳи марти соли равон ҳунармандони тоҷик бобати ширкат дар чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба Иди Наврӯзи байналмилалӣ ба давлатҳои Қатар, Кувайт, Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Бошқирдистони Федератсияи Русия, ҳайати даҳнафараи ҳунармандони тоҷик барои иштирок дар чорабинии фарҳангӣ бахшида ба «Пойтахти фарҳанги Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил эълон гардидани шаҳри Дашогуз дар соли 2016» ба Туркманистон ва моҳи июни ҳамин сол 8 нафар ҳунарманди Сирки тоҷик дар Фестивали байналмилалии сирк ба кишвари Миср сафари ҳунарӣ доштанд ва Тоҷикистонро дар ин ҳамоишҳои ҷаҳонӣ муаррифӣ намуданд.
Дар нишаст ҳамчунин зикр гардид, ки вазорат ҳамкориро бо сафоратхонаҳои кишварҳои хориҷии муқими Тоҷикистон густариш дода, дар давраи ҳисоботӣ Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон барномаи консертии гурӯҳи ҳунарии «Нағма»-ро дар бинои Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев, Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон ҷиҳати таҷлили Иди миллии баҳори чинӣ барномаи фарҳангиро таҳти унвони «Чин ва Тоҷикистон оилаи ягона» дар бинои Театри академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ, Сафорати Ҷопон Рӯзҳои фарҳангии кишвари Ҷопонро дар Маркази Исмоилияи Тоҷикистон ва Сафорати Ҳиндустон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро баргузор намуданд.
Ҳамчунин дар ин давра Ансамбли маъюбони Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ ва Боғи «Ирам»-и пойтахт се барномаи ҷолиби ҳунарӣ намоиш доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






