Гумрукчиёни Тоҷикистон беш аз 2700 ҳолати қонуншиканиҳоро ошкор намуданд
Душанбе, 20.07.2016 /АМИТ Ховар/. Беш аз 2700 ҳолати қонуншиканиҳои гумрукӣ дар ин давра аз ҷониби гумрукчиёни тоҷик ошкор гардидааст, гуфт дар нишасти хабарӣ 19 июл Абдуфаттоҳи Ғоиб, сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Мавсуф зикр кард, ки аз ин омор беш аз 22 ададаш ҷиноят буда, 13 ҳолат ба қочоқи молу воситаҳои нақлиёт, 2 ҳолат ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, ба дигар ҷиноятҳои бахши гумрук 5 ҳолат рост омада, инчунин, 2 ҳолат ба ҷиноятҳои дар ҳамкорӣ бо дигар мақомот ошкоршуда, марбут мебошад.
Абдуфаттоҳи Ғоиб афзуд, дар ду ҳолати ошкор кардани гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ба миқдори умумии беш аз 10 кг маводи нашъаовари навъи ҳашиш мусодира гардид.
Роҳбари мақомоти гумруки кишвар таъкид кард, ки дар натиҷаи баррасии зиёда аз 2600 парвандаҳо марбут ба ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ, 2449 нафар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, ба маблағи наздик ба 3 миллион сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ ва ба маблағи 4 миллиону 68 ҳазор сомонӣ ҷарима ба Буҷети давлатӣ ситонида шудааст.
Инчунин, дар ин давра ба маблағи қариб 500 ҳазор сомонӣ молҳо мусодира гардида, дар натиҷаи гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва андешидани тадбирҳои иловагӣ 4 миллиону 475 ҳазор сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ рўёнида шуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






