Иди саиди Фитр — анъанаи ваҳдатбахш

Июль 4, 2016 15:35

Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт,
Сад  шукр, ки ин омаду сад ҳайф, ки он рафт.

(Анварӣ)

 Душанбе, 4.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Идҳо аз ҷумлаи қадимтарин анъанаву маросимҳо мебошад, ки дар фарҳанги ҳамаи қавму миллатҳо вуҷуд дошта, ҳар қавму миллат ин анъанаҳоро бо русуму суннатҳои хос таҷлил мекунад. Дар як ҳадиси Пайғамбар (с) хитобан ба Абӯбакри Сиддиқ чунин омадааст: Бигузор онҳоро шодмонӣ кунанд, зеро барои ҳар қавм иде ҳаст ва иди мо ҳамин рӯз Иди Фитр мебошад. Аз мазмуни ҳадиси мазкур аён мегардад, ки ислом, аз як тараф, иду ҷашнвораҳои миллию қавмиро эътироф намуда, аз тарафи дигар, ба муҳимтарин иди мусулмонон будани Иди Фитр таъкид кардааст. Бояд гуфт, ки чунин анъанаҳое, ки мисли Иди Фитр бо фарз ё суннати рӯзадорӣ тавъам бошанд, дар ҳамаи динҳои муосири ҷаҳон вуҷуд доранд.

Аз ҷумла, дар дини яҳудият иде монанди Иди Фитр аз қадимулайём ҷашн гирифта мешавад, ки Явму Кайпур (Рӯзи Каффорат) ном дошта, он дар рӯзи даҳуми тишрей (моҳи якуми сол дар тақвими яҳудиён), баргузор мегардад. Дар гузашта яҳудиён тибқи анъана дар ин рӯз гов, гусфанд ва буз қурбонӣ мекарданд. Онҳо ба ғайр аз иди Явму Кайпур инчунин ҷашнҳои дигар доштанд, ки тибқи анъана аввал рӯза мегирифтанду баъд онҳоро таҷлил мекарданд. Дар дини насронӣ машҳуртарин ид, ки баъд аз рӯза доштан таҷлил карда мешавад, иди Пасха мебошад, ки он аз ҷиҳати тартиби баргузорӣ бо Иди Фитр муқоисапазир мебошад. Дар дини буддоӣ низ идҳое вуҷуд доранд, ки зимни баргузорӣ ё таҷлили онҳо мардум як навъ суннати рӯзадории хос барои буддоиёнро иҷро ва риоя мекунанд.

Ид гуфта он рӯзеро мегӯянд, ки дар он рӯз инсонҳо гирди ҳам ҷамъ меоянд. Асли калимаи ид аз вожаи арабии авд гирифта шудааст, ки маънояш бозгаштан мебошад. Ибни Аъробӣ дар шарҳи сабаби пайдоиши мафҳуми Иди Фитр мегӯяд: Ин рӯз ид номида шуд, зеро ин рӯз ҳар сол бо хурсандии нав боз ҳамегардад. Ид рӯзи шодмонӣ ва хурсандии инсонҳост. Иди Фитр ин ифтор аз рӯзадорӣ ва адои як навъ закот аст.  Дар он мусулмонон ду навъ хурсандӣ ба даст меоваранд: якум, хурсандии табиӣ аз он ки мусулмонон пас аз як моҳи рӯзадорӣ, ки  сабаби риёзат ва маҳдудияту машаққат буд, инак дар ин рӯз онҳо фароғат меёбанд ва ба фақирону камбизоатон садақа медиҳанд; дуюм, хурсандии ақлонӣ, аз он ки мусулмонон баъд аз адои  вазифаи бандагии худ  як моҳи тамом анҷом додани фарзи рӯзадорӣ, аз Худованд ин идро инъом мегиранд.

Иди саиди Фитр тибқи анъана ҳар сол баъди ба охир расидани моҳи шарифи Рамазон дар рӯзи аввали моҳи Шаввол таҷлил мегардад. Ин иди бузургро бори нахуст дар соли дуюми ҳиҷрӣ ҷашн гирифтаанд ва муддати таҷлили он як шабонарӯз будааст.

Иди саиди Фитр пас аз анҷом ёфтани моҳи шарифи Рамазон фаро мерасад. Тибқи ривоятҳои исломӣ дар ин моҳи шариф нахустин оятҳои Қуръони Карим ба Пайғамбар (с) нозил шудаанд. Дар ин моҳи шариф шабе вуҷуд дорад бо номи Шаби Қадр, ки дар пеши Худованд аз ҳазор моҳ бештар эътибор дорад. Мусулмонон дар моҳи шарифи Рамазон на барои худ, балки барои Худованд рӯза медоранд ва барои ин амали худ аз ӯ подош мегиранд. Дар ҳадисе чунин омадааст, ки Парвардигор мегӯяд: Рӯза доштан барои Ман аст ва подошдиҳандаи он Ман мебошам. Ин моҳест, ки фариштагон бар болои осмони Замин фуруд меоянд, моҳест, ки ба се даҳа тақсимбандӣ шудааст:

даҳаи раҳмат (даҳ рӯзи аввали моҳи шарифи Рамазон), ки дар тӯли он раҳмати Худованд бар бандагон арзонӣ дошта мешавад;

даҳаи мағфират (даҳ рӯзи миёнаи моҳи шарифи Рамазон), ки дар тули он Худованди муттаол гуноҳон ва нофармониҳои бандагони худро мебахшад;

даҳаи раҳоӣ аз оташи дӯзах (даҳ рӯзи охири моҳи шарифи Рамазон), ки дар тули он Худованд бандагони муъмину парҳезгорро аз азоби охират озод мекунад.

Иди саиди Фитр бузургтарин ва маҳбубтарин ҷашни тамоми мусулмонони ҷаҳон буда, тӯли бештар аз ҳазору чорсад сол ҳамасола бо як шукӯҳу шаҳомати бемисл ҷашн гирифта мешавад. Қуръон ин идро ҳадяи Худованд бар мусулмонон унвон кардааст: Бигӯ: «Ба фазли Худо ва ба раҳмати ӯ»  ба ин чизҳо бояд, ки шодмон шаванд. Ин аз он чи, ки ҷамъ мекунанд, беҳтар аст. Ҳамаи мусулмонон онро дӯст медоранд, онро мунтазир мешаванд, барои омадани он омодагиҳо мегиранд, онро ёдоварӣ мекунанд.

Рӯзи таҷлили Иди саиди Фитр мисли ҳамаи дигар рӯзҳои идона дар тамоми расму ойини қавму миллатҳои гуногун рӯзи шодиву сурур, бахшишу анҷоми амалҳои башардӯстона мебошад, ки дар сатҳи баланди ахлоқӣ анҷом дода мешаванд. Аз ҷумлаи суннатҳои ахлоқие, ки мусулмонон дар ин рӯз риоя менамоянд, ғусл намудан, мисвок кардан, беҳтарин либосҳои худро пӯшидан, худро бо атру гулоб муаттар кардан, ба идгоҳ зуд рафтан, пеш аз рафтан ба идгоҳ чизе тановул кардан, садақаи Фитрро пеш аз намоз адо кардан ва дигар амалҳои анъанавиро зикр кардан мумкин аст. Аз Анас ривоят шудааст, ки Пайғамбар (с) дар рӯзи Иди Фитр то чанд хурмое намехӯрд, ба намоз намерафт. Ибни Аббос нақл кардааст, ки расули Худо (с) закоти садақаи Фитрро барои покии шахси рӯзадор аз беҳудагӯию ҳарзакориҳо ва барои ғизои бена¬воён фарз гардонидааст. Касе онро пеш аз намози ид адо намояд, он закот пазируфташуда аст. Ва касе онро баъд аз намози ид адо намояд, он садақае аз садақот мебошад. Пиёда ба намозгоҳ рафтан ва аз роҳе ба намозгоҳ рафта, аз роҳи дигаре баргаштан низ аз ҷумлаи суннатҳои марбут ба рӯзи таҷлили Иди саиди Фитр мебошад. Аз Ҷобир ривоят шудааст, ки Пайғамбар (с) дар рӯзҳои ид роҳи рафту баргашташро аз намоз иваз мекард.

Хондани намози ид бар онҳое, ки намози ҷумъа воҷиб аст, ҳамчунин воҷиб мебошад. Тамоми шарту шароите, ки барои дуруст ва воҷиб шудани намози ҷумъа баён гардидааст, барои намози ид низ зарур мебошад ғайр аз хутба, ки дар намози ҷумъа хондани он шарт аст ва пеш аз намоз хонда мешавад. Вале дар намози ид хутба тибқи суннат баъд аз намоз хонда мешавад.

Воҷиби дигаре, ки дар он рӯз бояд риоя карда шавад, адои садақаи фитр мебошад. Вожаи фитр (аз решаи фатара) дар луғат ба маънои шикоф кардан, шикофтан омада, дар истилоҳи шаръӣ ба маънои ифтор кардан, хӯрдан, хотима додан ба рӯза корбаст шудааст. Садақаи фитр бар ҳар шахси мусулмоне, ки озод ва соҳиби нисоб бошад, воҷиб мешавад. Зиёдшавии мол ва такмил шудани як сол дар воҷиб шудани садақаи фитр шарт нест. Садақаи фитр баъд аз дамидани субҳи рӯзи ид воҷиб мешавад ва адо кардани он пеш аз дамидани субҳи рӯзи ид ҷоиз аст.

Садақаи фитр закоти сарона мебошад, яъне шахсе, ки закоти фитр бар ӯ воҷиб шудааст, аз ҷониби тамоми одамоне, ки дар зери сарпарастии ӯ қарор доранд, закоти фитр  месупорад. Ҳаҷми закот ё садақаи саронаи фитр, бар асоси таълимоти фиқҳи мазҳаби ҳанафӣ, барои ҳар нафар ним соъ гандум,  ё як соъ ҷав, хурмо, мавиз, ё пули нақди баробар ба арзиши ин миқдор маҳсулоти зикршуда мебошад. Далели мазҳаби ҳанафӣ бар ин ки ҳаҷми закоти фитр дар шакли пардохт бо гандум нисфи соъ аст, ҳадисе мебошад, ки Абдуллоҳ ибни Саълабӣ аз падараш ривоят кардааст, ки пайғамбари Худо (с) фармуд: Садақаи фитр соъе аз гандум аст бар сари ду нафар: хурд бошад ё бузург, озод бошад ё банда, зан бошад ё мард (Сунани Абӯдовуд, ҳадиси № 1619). Як соъи набавӣ тақрибан ба ду кило вучил (2,40) ё ду килову яксаду панҷоҳушаш (2,156) ё ба ду килову дусаду панҷоҳ (2,250) грамм  баробар аст. Дар поён номаи Шарҳи Ҷомеъ-ус-сағир омадааст: Соъ паймонаест, ки дар ҳаҷми он як ҳазору чил дирҳам (дона) мош ва наск гунҷоиш дорад ва дар замони мо аз рӯи эҳтиёт ба чаҳоряки мудди димишқӣ баробар дониста шудааст. Пас, ним соъ аз гандум тақрибан ба ду килову дусаду панҷоҳ (2,250) грамм баробар аст (Ниг.: Шарҳи Ҷомеъ-ус-сағир, с. 227).

Дар сарчашмаҳо ва адабиёти исломӣ фазилатҳои зиёди Иди саиди Фитр зикр шудаанд. Аз ҷумлаи беҳтарин фазилатҳои Иди Фитр он аст, ки ин ид явму-л-ҷавоиз, яъне рӯзи ҷоизаҳо (подошҳо) номида шудааст. Дар ин рӯз подоши рӯзадорон бе ҳисобу китоб дода мешавад.

Аз беҳтарин фазилатҳои дигари Иди Фитр он аст, ки Парвардигор муҳаббаташро бар  таҷлилкунадагони ин ид воҷиб гардонидааст. Дар як ҳадиси қудсӣ Худованд мефармояд: Муҳаббати Ман барои дар роҳам дӯстикунандагон, дар роҳам ҳамнишинбудагон, дар роҳам дидорбинандагон ва дар роҳам садақакунандагон воҷиб гардидааст (Муватта-и Имом Молик, ҷ. 2, с. 953, ҳадиси 826; Муснади Имом Аҳмад,ҷ.6, с.307, ҳадиси 21525; Саҳеҳ-и Ибн Ҳиббон, с.149, ҳадиси 574).

Фазилати дигари Иди Фитр дар он аст, ки ин анъанаи бузург кулли мусулмононро дар рӯҳияи инсондӯстӣ тарбия намуда, барои рушду такомули  маънавию  ахлоқии онҳо мусоидат менамояд.

Фазилати барҷастаи Иди Фитр дар он аст, ки он рамзи ваҳдат аст, зеро он рӯз ҳама пиру ҷавон гирди ҳам ҷамъ меоянд, ҳамдигарро дар оғӯш мегиранд, барои ҳамдигар дуои хайр мекунанд ва изҳори баланди хушнудӣ менамоянд.

Яке аз фазилати барҷастаи иҷтимоии Иди Фитр дар он аст, ки он барои таъмини ниёзҳои моддии табақаҳои нодор ва камбизоати ҷомеа як муждаи умед ва кушоиш арзонӣ медорад. Дар айёми Иди Фитр дасти ёрӣ дароз кардан барои бенавоён, эҳтиёҷмандон, ятимон, маъюбон ва барҷомондагон дар шакли садақаи фитр пешбинӣ шудааст, ки ҳамин ҷиҳати масъала аз моҳияти башардӯстона доштани ин иди бузург гувоҳӣ медиҳад.

Инчунин, Иди саиди Фитр маросими шукрона ва эҳтирому арҷгузории расидан ба қадри неъматҳост. Ин фазилати бузург моро водор месозад, ки шукронаи истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва дигар неъматҳои дар даврони соҳибихтиёрӣ ба мардуми мо насибгаштаро ба ҷо оварем. Зеро маҳз ба шарофати истиқлолият ва  соҳибихтиёрии давлатӣ мардуми шарифи Тоҷикистон зери сарпарастии сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба эҳёи суннату анъанаҳои гузашта ва таҷлилии ду маросимҳои миллию динии худ мушарраф гардидаанд.

Маҳмадӣ Наботов,
сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши ҳуқуқи
исломии Маркази исломшиносӣ дар назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Июль 4, 2016 15:35

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТЗАЛ. Барои мураббиён машғулиятҳои омӯзишии «Level-2» оғоз гардид
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон озмоишгоҳи ташхиси партовҳои обӣ ба истифода дода шуд
Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо унвони «Профессори фахрӣ»-и ду донишгоҳи Чин сарфароз гардид
ПАРЧАМИ МО ПАРФИШОН АЗ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АСТ! Дар Душанбе ҳамоиши ҷашнии ҷавонону варзишгарон баргузор шуд
Дар Хуҷанд доир ба масъалаҳои таъмини ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот конференсияи минтақавӣ баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллӣ вобаста ба Парчами давлатӣ-рамзи соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе Форуми Осиёи Марказӣ «Tech Jam 2024» баргузор шуд
Дар ноҳияи Мурғоб неругоҳи барқи офтобӣ сохта мешавад
«АДОИ ХИЗМАТ ДАР САФИ АРТИШИ МИЛЛӢ-РИСОЛАТИ ҶАВОНМАРДӢ!». Таҳти ин унвон ҳамоиши ҷавонон баргузор гардид
ТАҲТИ ҲАМИН ПАРЧАМ БА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ РАСИДЕМ. Дар Кумитаи забон ва истилоҳот ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон омадани сел дар назар аст
ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН, ТОҶИКИСТОН! Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд