Имрӯз дар вилояти Хатлон Форуми соҳибкорони ҷумҳурӣ ва намоишгоҳи молу маҳсулот ифтитоҳ меёбад
Душанбе, 21.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. 21 июл Форуми соҳибкорони ҷумҳурӣ ва намоишгоҳи молу маҳсулот аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳри Кӯлоб, ҳамчунин ташкилотҳои байналмилалии ғайридавлатӣ баргузор мегардад.
Форум бо мақсади рушду нумӯи соҳаи соҳибкорӣ, табодули таҷрибаи тоҷирон ва шароити мусоид фароҳам оварадан барои ҳамкориҳои соҳибкорони ватанӣ ва хориҷӣ мебошад.
Ба Форум соҳибкорон аз кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Русия, (кишвари Олтой, вилоятҳои Оренбург, Челябинск ва ҷумҳурии Бошқирдистон), вилояти Харкови Украина, вилояти Гомели Белорус ва вилоятҳои Тахор, Қундуз, Балхи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, музофоти Шэнсин, Хэнан ва Уйғури Ҷумҳурии Халқии Хитой, намояндагони тиҷоратии ҷумҳуриҳои Исломии Эрон, Покистон, ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна, Япония, Туркия, Озарбойҷон ва Қазоқистон даъват шудаанд.
Ҳамчунин дар Форум намояндагони 25 шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ширкат намуда, молу маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумиро пешкаш менамоянд. Илова бар ин ташкилотҳои давлатию ғайридавлатӣ низ маҳсули корашонро, ки ба соҳаи соҳибкорӣ рабт дорад, ба намоиш мегузоранд.
Аъзои Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон низ дар ин Форум ширкат меварзанд ва молу маҳсулоти худро пешкаш менамоянд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






