«Интихоб» — намоишномаи нави Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Хоруғ

Июль 14, 2016 10:43

Хоруғ, 14.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Ҳунармандони Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Меҳрубон  Назаров дар таътили тобистона барои тамошобинони хурдсоли худ намоишномаи нав мавсум ба «Интихоб»-ро дар таҳияи коргардон Парпишо Қиматшоев пешкаш кард.
Ин намоишнома дар бораи ҳаёти ду оила ҳикоят мекунад, ки дар яке аз ин оилаҳо зиндагии орому осуда, ҳурмату эҳтироми тарафайн ҳукмрон ҳасту хонаводаи дигар бо мушкилоти гуногун ба шумули эътибор надодан ба сухану амали ҳамдигар, беэҳтиромии фарзандон нисбат ба волидон ва аҳамият надодани волидон ба интихоби  дурусти касбу кор мувоҷеъ мебошад.
Ба гуфтаи ҳунарманди ин театр Ҷобиршо Хубоншоев дар замони муосир бо истифода аз шабакаи интернетӣ кишварҳои мухталиф кӯшиш мекунанд, ки фарҳангу суннати худро бар сари  сокинони кишварҳои дуру наздик бахусус наврасону ҷавонон таҳмил созанд. Дар баробари ин, мо бояд ба таҳоҷуми фарҳангию итилоотии кишварҳои беруна ҳамеша омода бошем ва барои ҷо кардани   арзишҳои миллӣ дар зеҳни кӯдакону наврасон аз шеваҳои мухталиф ва ҷолиб истифода барем.
Дар поёни намоишнома байни ҳунармандон ва тамошобинони хурдсол перомуни муносибати байни аъзои оила, муносибат бо ҳамсояҳо ва хешу табор мубодилаи афкор сурат гирифт.
Ҷобиршо Хубоншоев гуфт, ки  дар рӯзҳои наздик бо ин намоишнома ба меҳмонии кӯдакону наврасони навоҳии вилоят хоҳанд рафт.

Июль 14, 2016 10:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд