КҲФ: Сардорони раёсату ситодҳо ва фармондеҳи қисми ҳарбӣ аз вазифа озод шуданд

Июль 19, 2016 09:36

Душанбе, 19.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. 16 июли соли 2016 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати раиси Кумита генерал-лейтенант Рустам Назарзода ҷаласаи Мушовара оид ба натиҷаҳои фаъолияти Кумита дар нимсолаи аввали соли 2016 баргузор гардид, ки дар он роҳбарони раёсату шуъбаҳои Дастгоҳи марказӣ ва раёсатҳои минтақавии Кумита иштирок доштанд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» афсари  калони хадамоти матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон У.Юсупова иттилоъ дод, дар ҷаласаи мушовара натиҷаҳои фаъолияти хизматии Кумита ва аттестатсияи давлатии кормандони Кумита мавриди муҳокима ва барарсӣ қарор дода шуд. Ҳисоботи роҳбарони раёсату шуъбаҳо оид ба татбиқи чорабиниҳои банақша гирифташудаи Кумита дар нимсолаи аввали соли 2016 ва нақшаи минбаъдаи фаъолияти Кумита дар нимсолаи  дуюм муҳокима шуданд. Р.Назарзода, раиси КҲФ аз камбудиҳои мавҷуда дар ташкили санҷишҳои нозиротӣ, фаъолият дар самти мудофиаи шаҳрвандӣ ва дар қисмҳои ҳарбии Кумита ошкоро танқид намуда, ба мутасаддиён дар муддати кӯтоҳ барои аз нав таъсис додани системаи хабардоркунии барвақтӣ ва консепсияи бозомӯзии кормандони Кумита супориш дод. Таваҷҷуҳи иштирокдорони ҷаласа ба решакан кардани ҳуқуқвайронкуниҳо байни  кормандон, таҳкими интизом ва боло бурдани масъулияти шахсии ҳар як корманди Кумита барои иҷрои ӯҳдадориҳо, омодагӣ ба давраи зимистон равона карда шуд.
Бо қарори мушовара сардорони раёсати оперативӣ, кадрҳо, молия, сардори ситодҳои ВМКБ ва минтақаи  Рашт, сардорони ситодҳои як қатор ноҳияҳо ва яке аз фармондеҳони қисми ҳарбӣ аз вазифаҳои ишғолнамуда озод шуданд. Як қатор кормандони мутасаддӣ барои роҳ додан ба камбудиҳо дар фаъолияти хизматӣ-оперативӣ, назорати суст аз болои фаъолияти зертобеашон ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шуданд.  Инчунин, қарор қабул шуд, ки дар байни ҳайати  роҳбарикунандаи Кумита ротатсия гузаронида шавад.

Июль 19, 2016 09:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад