Киштии зериобӣ дар соҳилҳои Гибралтар бо як киштии тиҷоратӣ бархӯрд

Июль 21, 2016 14:51

Душанбе, 21.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Киштии зериобии ҳастаии Британия Ambush ҳангоми машқи омӯзишӣ дар соҳилҳои Гибралтар бо як киштии тиҷоратӣ бархӯрд, иттилоъ медиҳад РБК бо такя ба як баёнияи сомонаи Вазорати мудофиаи Британияи Кабир.
Киштии зериобӣ зоҳиран хароб гардид, вале дастгоҳи ҳастаӣ зарар надид. Ҳамчунин, дар гузориш таъкид мешавад, ки аъзои экипаж ҷароҳат набардоштанд.
Таъкид мешавад, ки неруҳои ҳарбию баҳрии Шоҳигарӣ бо киштии тиҷоратӣ дар тамос буда, муайян мекунанд, ки он дар садама то чӣ андоза зарар дида аст. Тафтишоти садама ба таври таъҷилӣ оғоз шудааст.

Июль 21, 2016 14:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Кӯдакону наврасони ноҳияи Шаҳринав ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Дар Хатлон ташаббуси вилоятии «Саҳми ман дар ободии Ватан» доир карда мешавад
Беш аз 5 ҳазор ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф карда шуд
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ 873 миллион сомониро ташкил дод
Кишоварзони Кӯлоб аввалин маротиба зери плёнка чигит кишт намуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Таърих, фарҳанг, табиат ва меҳмоннавозии мардум вилояти Суғд сайёҳонро бештар ба худ ҷалб намудааст
Дар истироҳатгоҳи омӯзишии «Истиқлол» таътили тобистонаи хонандагон хотирмон мегузарад
Дар ноҳияи Деваштич ҳамоиши гирандагони Стипендияи президентӣ баргузор гардид
Дар Тоҷикистон дар беш аз 27 ҳазор гектар ҷуворимакка барои дон кишт гардидааст
Имрӯз ҳаво дар водиҳои Тоҷикистон то 40 дараҷа гарм мешавад