Конфронси байналмилалӣ оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ бо қабули Эъломияи Душанбе анҷом ёфт
Душанбе, 15.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бо қабули Эъломияи Душанбе, ки аз тарафи Тоҷикистон вобаста ба натиҷаҳои кори конфронси байналмилалӣ оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ пешниҳод гардид, Ҷаласаи якуми Платформаи минтақавии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубӣ ба анҷом расид.
Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ дода буд, 12-14 июли соли равон дар Душанбе конфронси байналмилалӣ бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳои ваколатдор оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода аз Ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон, ҳамчунин намояндагони вазоратҳои маориф, меҳнат ва рушди иҷтимоӣ, корпусҳои дипломатӣ, созмонҳо ва муассисаҳои Созмони Милали Муттаҳид, мушовири Дабири кулли СММ оид ба ҳолатҳои фавқулода баргузор гардид.
Ба иттилои Умеда Юсупова, афсари калони Хадамоти матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷараёни конфронс панҷ мизи мудаввар ва муколамаҳои алоҳида оид ба ҷанбаҳои гуногуни дурнамои паст намудани хавфи офатҳои табиӣ ташкил ва гузаронида шуд.
Зимни муколамаву муҳокимаҳо масоили барқарорсозии иншооти иқтисодӣ ва инфрасохтории дар натиҷаи офатҳои табиӣ зарардида, ҳамкории байни давлатҳо дар бахши идоракунии ҳолатҳои фавқулода ва рушди низоми паст кардани хатари минтақавӣ баррасӣ гардиданд. Иштирокчиён ҳамчунин оид ба татбиқи нақшаи чорабиниҳои миллӣ ва минтақавӣ дар доираи амалисозии минбаъдаи тавсияҳои «Барномаи қолабии Сендай» назару дархостҳои худро баён намуданд.
Меҳмонони конфронс нақшаи омодагӣ ба Конфронси вазирони Осиё ва Платформаи панҷуми глобалӣ оид ба паст кардани хатари офатҳои табииро пешниҳод ва мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар назар дошта шудааст, ки ин чорабиниҳо дар кишварҳои Ҳиндустон ва Мексика баргузор мегарданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






