Кормандони ҷавони Агентии назорати маводи нашъаовар тарзи гузаронидани амалиётҳоро аз мутахассисони ИМА меомӯзанд
Душанбе, 19.07.16. /АМИТ «Ховар»/. Барои кормандони Шуъбаи махсусгардонидашудаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ 18 июл тренинг ташкил карда шуд. Ба сифати дастурдеҳон мутахассисони Маъмурияти мубориза алайҳи маводи мухаддири Иёлоти Муттаҳидаи Америка даъват шудаанд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти агентии мазкур хабар доданд, дар рафти тренинг, ки ду ҳафта давом хоҳад ёфт, кормандони ҷавон дарсҳои назариявиро нисбат ба мусодираи молу мулке, ки аз қочоқи маводи мухаддир ба даст омадааст, ҷамъоварии далелҳо, таҳлили хабари фаврӣ, мусоҳиба ва пурсиш, тарзи ташкил ва гузаронидани амалиётҳоро меомӯзанд.
Баргузории дарсҳои амалӣ оид ба тарзи истифодаи силоҳ, боздошти гумонбаршудагон, расонидани кумаки аввалияи тиббӣ ҳангоми гузаронидани амалиётҳо ба нақша гирифта шудаанд.
Инчунин, машғулиятҳои интерактивӣ бо истифодаи техникаи компютерӣ гузаронида мешаванд.








Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад






